Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 March 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе №113   аз   5.03.2013

 

Дар бораи баргузории  шабнишинии фарҳангиву

шавқовари «Базми солҳои 80 – 90-уми қарни гузашта»

Муроҷиати рӯзномаи «Вечёрка» ва Маркази фарҳангии «Аржанг» №Ф/С-173 аз 11 феврали соли 2013 дар хусуси ба ифтихори «Рӯзи модар» - 8 марти соли 2013 гузаронидани нахустин шабнишинии фарҳангиву шавқовари «Базми солҳои 80 – 90-уми қарни гузашта» ба муносибати омодагиҳо ба ҷашни 90- солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанберо баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1. Ба рӯзномаи «Вечёрка» ва Маркази фарҳангии «Аржанг» санаи 8 марти соли 2013, соати 18:00 дар тарабхонаи КВД «Меҳмонсарои пойтахт» баргузор намудани шабнишинии фарҳангиву шавқовар таҳти унвони «Базми солҳои 80 – 90-уми қарни гузашта» иҷозат дода шавад.

         2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандону иштирокчиёнро дар макон ва вақти баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

         3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

         4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ