«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 March 2013

ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ №114 аз 07.03.2013

 

 

         Дар бораи баргузории тендери такрорӣ

        

       Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба ҳолати техникии Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ», моддаҳои 12-14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», бо инобати розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти  соли 2013 №94 ва бо дарназардошти Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  №60  аз 5 марти  соли 2013

 

                                              ҚАРОР МЕКУНАМ:

        1. Бинобар сабаби рад намудани дархостҳои тендерии довталабон аз ҷониби Комиссияи тендерӣ ва бо дарназардошти Протоколи № 60 ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 5 марти соли 2013 озмуни хариди  фиристандаи мавҷи (передатчик) Муассисаи давлатии  «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки бо  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 757-1  аз  14 декабри соли 2012   «Дар бораи баргузории тендер» эълон шудааст, бекор карда шавад.

         2. Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба интихоби молрасон ва насби фиристандаи мавҷ (передатчик) барои Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» пешниҳодшуда дар  ҳайати замимагардида таъсис дода шуда,  мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро аз тариқи иштироки номаҳдуди довталабон, тариқи маҳдуд намудани мўҳлати пешниҳоди дархости тендерӣ, таъмин намояд.

3. Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  (Талбаков А. А.)  мутобиқи  талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон эълон ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер ба комиссияи тендерӣ пешниҳод намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. ва Назаров Б.М. гузошта шавад.

                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ