Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 March 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №119 аз  07.03. 2013                  

            

   Дар бораи ҷамъбасти озмуни ба иҷора супоридани

   иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе

 

           Бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии раванди ба иҷора супоридани амвол ва иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе, истифодаи самараноки воситаҳои асосии моликияти коммуналӣ ва зиёд намудани воридоти даромад аз иҷораи амвол ба буҷети шаҳрӣ,   мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 624, 634 ва 671 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 4, 5 ва 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №537 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1. Протоколи замимагардидаи Комиссияи озмунӣ «Оид ба иҷора супоридани амвол ва объектҳои моликияти коммуналии шаҳри Душанбе» №4 аз  21 феврали соли 2013 дар бораи ғолиби озмун эътироф намудани иҷорагирони зерин тасдиқ карда шавад:

 

Р/Т

Номгӯи субъекти иҷорагир

Номгӯй,  таъинот ва масоҳати объекти 

ба иҷора

супоридашаванда

2)

Суроғаи

объект

 

Мувозинадор

Маблағи иҷорапулӣ  тибқи хулосаи

комиссия:

А) моҳона

Б) солона                        

( сомонӣ)

1

Намояндагии Ширкати саҳомии дорои масъуляти маҳдуди «ЗТИ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Раҷабова Нигина Ҷураевна (ваколатномаи №08 аз18.02.соли 2013)

«Утоқи корӣ» дар ошёнаи  7,  Блоки-Б

       (303,3 м 2)

хиёбони Рӯдакӣ, 138/1

Муассисаи давлатии «Душанбе плаза»

А-23780 (бисту се ҳазору ҳафтсаду ҳаштод),

Б-285360 (ду саду ҳаштоду панҷ ҳазору се саду шаст)

2

Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон» дар шахсияти Холиқов Комил Муталибович (ваколатномаи №1/01-52 аз15.02.соли 2013)

«Утоқи корӣ»  дар ошёнаҳои 17,18, Блоки-Б

     (869,24 м 2)

хиёбони Рӯдакӣ, 138/1

Муассисаи давлатии «Душанбе плаза»

А-65726 (шасту панҷ ҳазору ҳафтсаду бисту шаш),

Б-788712 (ҳафтсаду ҳаштоду ҳашт ҳазору ҳафтсаду дувоздаҳ)

3

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панҷ Ситора» дар шахсияти директор Валиева Тахмина Хуршедовна

«Қалъаи афсонавӣ» (хурокиҳои тезпазанда)

        (39,25 м 2)

кӯчаи Карамов, 114

Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»

 

А-1500 (як ҳазру панҷсад),

Б-18000 (ҳаждаҳ ҳазор)

       2. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баъд аз қабули Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати  ҳарчи тезтар ворид гардидани  маблағ ба буҷети шаҳрӣ бо иҷорагирони дахлдор шартномаҳои иҷораро ба имзо расонад.

       3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

         4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

       5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. гузошта шавад.

                                                                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ