Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 April 2010

Тавре ҳамагон иттилоъ доранд шаҳрдории Душанбе баҳри дастгирии мактабиёни  лаёқатманди шаҳр қарор кардааст, ки дар сурати аз рӯи барномаи марбута супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ дар донишкадаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз кабили Оксфорд, Кембридж ва Гарвард  пардохти масрафоти таҳсил ва рафту омади онҳоро аз ҳисоби бучети шаҳр таъмин менамояд.

Бо мақсади расидан ба ин ҳадафхои созанда ва дастрасии мактабиёни  пойтахт ба иттилои сарчашмаи нахустин  пагоҳ соати 10 дар КВД «Марказаи равобити пойтахт» мулоқоти  устоди  факултаи байналмиллалии Донишгохи Оксфорд ва Эксетери Британиёи Кабир Джон Хетершоу бо хатмкунандагони фаъоли шаҳр ва донишҷӯён баргузор карда мешавад.

Дар мулоқот бо ибтикори шаҳрдорӣ  ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе  масоили таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Британиёи Кабир матраҳ карда мешаванд.   Аз ҷумла, дар ин вохӯрӣ ҳамчунин пешбинӣ карда шудааст, ки масъалаҳои марбут ба тартиби қабули донишҷӯён, ҳуҷҷатҳое, ки бояд аз ҷониби довталабон пешниҳод гарданд, арзиш ва тартиби пардохти ҳаққи таълим баррасӣ гардад.

Дар кори ин ҳамоиш муовини Раиси шахри Душанбе Раҳимова С.Ҳ., сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Исломов Ш.И., устоди факултаи байналмиллали Донишгохи Славянии Точикистону Россия Мунира Шаҳидӣ  ва директори Маркази рушди истеъдодҳои пойтахт Сафаров Р. ширкат меварзанд.

Сафари кории ҷаноби Джон Хетершоу дар шаҳри Душанбе 16 апрели соли 2010 анҷом мепазирад.

 Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе