Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 March 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе №130 аз 12.03.2013

                

         Дар    бораи   даъват   намудани   иҷлосияи

         сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

         Душанбе даъвати чорум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

          1.Иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   28  марти  соли 2013  соати  8:00 дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» даъват карда шавад.

          2.Ба рӯзномаи иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

          2.1.Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. оид ба ҷараёни  иҷрои  самараноки Нақшаи амал оид ба таъсис ва таҷдиду азнавсозии корхонаҳои истеҳсолии саноатии шаҳри Душанбе дар солҳои 2012-2013.

           2.2. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №59 Шоев Н.Н. оид ба иҷрои ваколатҳои худ. 

          2.3. Ҳисоботи  Раиси ноҳияи И.Сомонӣ  Қурбонов А.Ҷ. дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи И.Сомонӣ ба таҷлили 90 - солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумхурии Тоҷикистон. 

2.4.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гуруҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гуруҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои  иҷлосияи  сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум ирсол намоянд.

5.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур намояд.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.     

М.УБАЙДУЛЛОЕВ