«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 March 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №133 аз  14.03.2013

 

Дар бораи баргузории мусобиқаҳои кушоди варзишии

пойгаи равон ва гӯштини миллӣ ба муносибати Иди

байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе

 

            Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу  фарҳангӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, баргузор намудани мусобиқаҳои пойгаи равон ва гӯштини миллӣ  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт», иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №81  аз 12 феврали  соли 2013 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар  шаҳри Душанбе», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

                        Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

 

1.  Мусобиқаҳои кушоди пойгаи равон рӯзи 24 март, соати 10:00 ва гӯштини миллӣ 25 марти  соли 2013, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт»  гузаронида шаванд.

2.  Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тартибҳои баргузории мусобиқаҳои кушоди пойгаҳи равон ва гӯштини миллӣ, ҳайати кумитаҳои тадорукот тибқи замимаҳои  №1,2,3,4 тасдиқ карда шаванд.

3.  Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ  бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаҳои зикргардида чораҳои зарурӣ андешанд.

4.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) барои хароҷоти мусобиқаҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи сметаи хароҷотӣ барои гузаронидани мусобиқаи пойгаи равон ва гӯштини миллӣ (замимаҳои 5 ва 6) 109 550 (як саду нуҳ ҳазору панҷсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намуда, хароҷоти онро танҳо дар доираи  муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди мол, кор ва хизматрасонӣ»  ба роҳ монад.

5.   Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе   (Қурбонов Д.М.) дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаҳои тадорукот, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин аспсаворону корхонаҳои асппарварӣ, варзишгарону паҳлавонони минтақаҳои кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6.  Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мӯсоева Ш.Р.) барои таъмини асбобҳои пахши садо дар ҷойҳои баргузории мусобиқаҳои зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.  

7.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ,   хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаҳо чораҳои зарурӣ  андешанд.

8.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

9.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва  муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

                                                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ