Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 March 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 138 аз 14.03. соли 2013

 

Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи 

кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2013

  

      Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳдошти саломатии кӯдакон ва наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ мешаванд, дар давраи истироҳати тобистона, ҷалби онҳо ба корҳои сайёҳиву кишваршиносӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ, иҷрои Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №754 аз 29 декабри   соли 2012 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2013», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

   1. Истироҳати кӯдакон ва наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ мешаванд,  дар мавсими таътили тобистонаи соли 2013 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустии солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр тибқи замимаҳои 1 ва 2 гузаронида шавад.

  2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе :

- дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур (Бобоев С.Қ.), «Гулхан»-и ноҳияи Сино (Сафаров З. А.), «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ (Қурбонов А.Ҷ.), «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ (Алиев С.А.), ки дар тавозуни шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои  шаҳри  Душанбе   мебошанд, то 15  майи соли 2013 корҳои

ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, таҷҳизонидани биноҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунонию ниҳолшинонии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, ба анҷом расонида, иншоотҳои мазкурро барои қабули кӯдакон омода намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе маълумотномаи дахлдор пешниҳод намоянд;

- мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 Қарори мазкур истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳрро таъмин созанд;

- дар навбати аввал истироҳати бофароғати кӯдакони ятиму бепарастор, аз ҷумла, хонандагони мактаб - интернатҳои шаҳри Душанбе, кӯдакони болаёқат ва душвортарбияро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву  солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷет пешбинишуда ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ ташкил намуда, истифодабарии маблағҳоро самараноку мақсаднок таъмин намоянд.

   3.  Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.):

- истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳрро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббияҳо, омӯзгорон ва роҳбарони мусиқию варзишӣ таъмин намуда, доир ба ташкилу баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани саҳми маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамояд, тадбирҳои самаранок андешад;

- дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии  назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои истироҳатӣ - омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисиро барои хонандагони болаёқат таъсис дода, фаъолияти онҳоро зери назорат қарор диҳад;

- оид ба иҷрои Қарори мазкур то 25 сентябри соли 2013 ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.

   4. Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Темуров А.) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Афғонов З.) истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе мансубро бо доруворӣ ва мутахассисон

таъмин намуда, барои саломатии кӯдакону наврасон ва ҳолати санитарии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр мусоидат намуда, тозагӣ ва ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ будани ошхона, ҷойи хоб ва дигар иншоотҳои зарурии истироҳатгоҳҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

   5. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии кӯдакон ва наврасони муассисаҳои таълимии шаҳрро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, майдончаҳои тандурустиву солимгардонӣ ва ҳангоми рафту омад ба мавзеъҳои истироҳатӣ таъмин намояд.

   6. Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Исмоилов Р.) оид ба пешгирии сӯхтор чораҳои заруриро андешида, бехатарии ҳаёти кӯдакону наврасон ва биною иншоотҳои истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии ба моликияти коммуналии шаҳр мансубро зери назорат қарор диҳад.

   7. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос намояд.

    8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С. Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ