Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 April 2013

ҚАРОРИ  РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ №154 аз 29 марти соли 2013 

 

Дар бораи эълон намудани озмуни кушоди такрорӣ баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаҳои таҷҳизонидани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ

Бо дарназардошти Протоколи ҷаласаи комиссияи озмунӣ оид ба арзёбии дархостҳои озмунии довталабон аз 6 феврали соли 2013 дар бораи иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

         1.Протоколи замимагардидаи ҷаласаи комиссияи озмунӣ оид ба арзёбии дархостҳои озмунии довталабон аз 6 феврали соли 2013 ҷиҳати ҷавобгў набудани пешниҳодоти довталабони озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаҳои таҷҳизонидани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ қобили қабул дониста шавад.

         2.Қарори Раиси шаҳри Душанбе №795 аз 28 декабри соли 2012 «Дар бораи эълон намудани озмуни кушоди такрорӣ баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи таҷҳизонидани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ» бекор карда  шавад.

         3.Комиссияи озмуни такрорӣ дар ҳайати замимагардида барои дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаҳои таҷҳизонидани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ  дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ таъсис дода шуда, байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ тариқи иштироки номаҳдуди довталабон ва маҳдуд намудани мўҳлати пешниҳоди дархостҳои озмунӣ тибқи шартҳои замимагардида баргузории озмуни кушоди такрориро тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла, сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда, ҷамъбасти озмунро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин ва ба Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати эътирофи ғолиби озмун тавсия пешниҳод созад.

         4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин гардонад.

         5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С. Ҳ. гузошта шавад.                             

                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ