Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 April 2013

Дар бораи солимгардонии муҳити зист ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафгардидаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии кӯчаи Лоҳутӣ аз кӯчаи С.Айнӣ то гардиши кӯчаи Шотемур»

 

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист, ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии кӯчаи Лоҳутӣ аз кӯчаи С.Айнӣ то гардиши кӯчаи Шотемур», ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №751 аз 6 декабри соли 2012 «Дар бораи ѓолиби тендер» ва амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, беҳбуд бахшидан ба ҳолати техникии роҳҳо ва бо инобати хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ аз 25 январи соли 2013, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгар дар асоси санадҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе №3/Ш ва №3/И.С аз 18 январи соли 2013 ва хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ оиди аз байн бурдани дарахтони ба рафти сохтмон монеъашаванда аз 25 январи соли 2013 дарахтони иншооти «Азнавсозии кӯчаи Лоҳутӣ аз кӯчаи С.Айнӣ то гардиши кӯчаи Шотемур» - ро тибқи лоиҳа бартараф намуда, баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист, бо дарназардошти риояи меъёрҳои экологӣ амал намояд ва ба ҷойи дарахтони бартарафшаванда тибқи нақшаи замимагардида шинонидани ниҳолҳоро таъмин ва баҳри нигоҳубин дар оянда тибқи санади дахлдор ба мувозинаи раёсатҳои истифодабрии роҳҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва И.Сомонӣ супорад.

2.  Дарахтони бартарафшавандаро дар ҳаҷми умумии 268 (дусаду шасту ҳашт) м3, ба муроҷиатҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур 150 (як саду панҷоҳ) м3 ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 118 (як саду ҳаждаҳ) м3 дар асоси борхат ҷудо намояд.

3.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

  М.УБАЙДУЛЛОЕВ