Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 April 2010

Ба шарафи таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе ба истифодадиҳии як идда иншооти муҳиму таъиноти мухталифдоштаи ба нафъи сокинони пойтахт нигаронидашударо мутобиқ ба анъаноти созандагӣ армуѓони  ҷашнӣ мегардонад.

Ҳарчанд ҳамарӯза дар шаҳр бо мавриди истифода қарор гирифтани  иншооти хурду бузург намои меъмории он ҳусни тоза касб намуда, интихоби сокинон дар маҷмӯи хизматрасониҳо фарох мегардад, ин навбат 10 иншооти ҷадид, ки аз ҳисоби маблаѓҳои буҷавию соҳибкорӣ  бунёд шудаанд, ба маблаѓи умумии беш аз 21,4 млн. сомонӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар ин иқдом агар ҳаҷми масрафоти молиявӣ аз буҷаи шаҳр 10,2 млн сомониро ташкил диҳад, фарқияти боқимондаи он ба хароҷоти субъектҳои соҳибкории пойтахт рост меояд.

Дар қатори иншооти аз буҷети шаҳр бунёдшуда, аз ҷумла  бори нахуст баҳри дастгирии институтҳои шаҳрвандии пойтахт аз ҳисоби маблаҳои буҷаи шаҳр Маркази ҷамъиятии  се ошёна, дорои  толори тӯйгузаронӣ, ошхона бо дӯкони хӯрокпазӣ, утоқҳои истироҳатӣ, машваратӣ, нозири минтақавии корҳои дохилӣ, шӯъбаи бонки амонатгузорӣ, бунгоҳи тиббӣ,  Интернет-кафе, сартарошхона, таъмири соату пойафзол, кошонаи ҳусн ва дигар намуди хизматрасониҳо барои 200 ҷой дар маҳаллаи «Равшангарон» - ғолиби озмуни «Маҳаллаи беҳтарини шаҳри Душанбе - соли 2008» ба маблағи 1,8 млн.сомонӣ ба истифода дода мешавад.

Дар ин радиф  барои хонандагон бинои иловагии дорои 640 ҷойи нишаст дар ҳудуди мактаби № 28 ба маблаѓи  4 млн. сомонӣ, таъминоти муассисаҳои табобатию профилактикии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо нерӯи гармӣ тавассути дегхонаи бо ангишт коркунанда дар Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат ба маблаѓи 623211 сомонӣ  (0,19Гкал/соат), Беморхонаи клиникии шаҳрии №1 ба маблаѓи 603190 сомонӣ  (0,23Гкал/соат),  Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ тавассути дегхонаи барқӣ (электробойлер) ба маблаѓи 605000 сомонӣ (0,43Гкал/соат)  ва барқи доимӣ тавассути хатҳои озоди барқӣ  дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №1,  Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ, Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат,  Хонаи кӯдаконаи №2  ба маблаѓи 2 млн. 609 ҳазор сомонӣ  (6657,0 метри тӯлонӣ), армуѓони ҷашнӣ мегарданд.

Аз ҳисоби соҳибкорони пойтахт бошад иншооти сохтмони хонаи истиқоматии бисёрошёнаи 72 квартирадори сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, хонаи истиқоматии 5-ошёна дар маҳаллаи Зарафшон,  азнавсозии пешайвон ва анҷомхона бо табдилдиҳии онҳо ба манзили истиқоматии 5-ошёнаи бисёрквартирадор, дар кӯчаи М.Қурбонов, азнавсозии хобгоҳи хусусигардонидашуда, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев, 63/3«б» бо табдил додани он ба хонаи истиқоматии бисёрҳуҷрадор  ва Маркази маишиву хизматрасонии муосир дар кӯчаи М.Шерализода дар маҷмӯъ ба маблаѓи 11,2 млн сомонӣ ба масоҳати зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

 

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе