Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 April 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  №169 аз 5.04.2013

 

Дар бораи баргузории якумин фестивал-намоишгоҳи

автомобилҳои  коллексионии  «Авто ретро Душанбе» 

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани якумин фестивал-намоишгоҳи автомобилҳои коллексионӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

  

Қарор мекунам:

1. Дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт 21-уми апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе якумин фестивал-намоишгоҳи автомо-билҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» дар майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳ.Шерозӣ баргузор ва паради автомобилҳои коллексионӣ дар самти кӯчаи Карамов, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А.Дониш гузаронида шавад.

2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузаронидани фестивал-намоишгоҳ ва парад таъмин намояд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин гардонад.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ