Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 April 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №193 аз «9 » апрели  соли 2013

 

Дар бораи  баргузории   Ниммарафони IV

байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарѓиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта бо шаҳри Душанбе ва ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №107 аз 21 феврали  соли 2013 «Дар бораи омодагӣ ба баргузории Ниммарафони  IV байналмилалии Душанбе  ба муносибати Рӯзи пойтахт»  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

1.     Ҳайати Кумитаи тадорукот, Нақшаи чорабиниҳо, тартиб ва сметаи хароҷотии баргузории Ниммарафони IV байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тибқи замимаҳои 1,2,3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.

2.     Кумитаи тадорукот 20 апрели соли 2013, соати 1000 мусобиқаи Ниммарафони IV байналмилалии Душанберо мутобиқ ба хатти дави муайянгардида доир намояд.

3.     Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. 

4.   Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблаѓҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти хароҷоти мусобиқаи Ниммарафони IV байналмилалии Душанбе  226 852 (дусаду бисту шаш ҳазору ҳаштсаду панҷоҳу ду) сомонӣ мутобиқи харҷномаи замимагардида ҷудо намояд.  

5.   Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мӯсоева Ш.Р.) барои таъмини асбобҳои пахши садо дар ҷои баргузории мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.  

6.    Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаҳо чораҳои зарурӣ  андешанд.

7.       Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои  ахбори оммаи чопию электронӣ чораҳои зарурӣ андешад.

8.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ.  ва Назаров Б.М. гузошта шавад.

       М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Ниммарафони IV  байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 

Нақшаичорабинии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри баргузории Ниммарафони IV  байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 

Тартиби  баргузории Ниммарафони IV байналмилалии Душанбе  ба муносибати Рӯзи пойтахт