Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 April 2013

12 апрели соли 2013 ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти садорати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи сафари парламентии худ  дар Конференсияи парламентии байналхалқии «Нақши созмонҳои парламенти дар бунёди Аврупои бидуни хатҳои тафриқотӣ», ки дар Маркази парламентии шаҳри Санкт-Петербуг доир гардид,  ширкат намуд.

Маврид ба зикр аст, ки конфронси мазкур бо ибтикороти Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Шӯрои Аврупо  созмон ёфта аст, парламентарҳои Тоҷикистон дар кори он фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла, Раиси Кумитаи Маҷлиси милли оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси милли бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъияти, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламенти Мамадшо Илолов дар мизи мудаввари «Нақши парламентҳо дар ҳифзу таҳкими ҳуқуқи инсон» баромад намуда оид ба вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои  инсон дар кишварамон ва нақши мақоми қонунгузори дар рушди равандҳои демократи ва   ҳамзистии осоиштаи таркиби иҷтимоии ҷомеаи тоҷикон табодули афкор кард.

Нимаи ҳамин рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев  дар касри Смолний бо Губернатори шаҳри Санкт–Петербург Георгий Полтавченко мулоқот намуд.

Зимни вохӯрии самимона чонибҳо  доир ба масъалаҳои ҳамкории гуногунҷабҳаи сохторҳои марбутаи пойтахти кишварамон бо пойтахти шимолии Федератсияи Россия- шаҳри Санкт-Петербург табодули назар намуда, омодагиҳои хешро ҷиҳати таҳкими робитаҳои ҳасанаи бародаршаҳрӣ баён доштанд. Аз ҷумла, махсус таъкид гардид, ки тарафҳо баҳри амали сохтани ҳадафҳои созандае, ки аз  Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ва шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бармеоянд тадбирҳои муассирро роҳандози менамоянд.

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.