«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 April 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №197 аз 09.04.2013

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар иншооти «Азнавсозӣ намудани қисмати ғарбии кӯпруки хиёбони С.Шерозӣ – кӯчаи Соҳилӣ ва гардишҳои нақлиётии он»

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракат дар иншооти «Азнавсозӣ намудани қисмати ғарбии кӯпруки хиёбони С.Шерозӣ – кӯчаи Соҳилӣ ва гардишҳои нақлиётии он», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Дар роҳи автомобилгарди иншооти «Азнавсозӣ намудани қисмати ғарбии кӯпруки хиёбони С.Шерозӣ – кӯчаи Соҳилӣ ва гардишҳои нақлиётии он» марҳила ба марҳила, аз ҷумла:

- қисмати ҷанубии кӯпрук аз 15 апрел  то 1 июли  соли 2013;

- қисмати шимолии кӯпрук аз 2 июл  то 1 октябри  соли 2013 ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ карда шаванд.

2. Вобаста ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Шералиев А.Б.), шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Турахонов С.Ч.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Каримов Ф.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбариро, ки аз иншооти «Азнавсозӣ намудани қисмати ғарбии кӯпруки хиёбони С.Шерозӣ – кӯчаи Соҳилӣ ва гардишҳои нақлиётии он» мегузаранд, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот ворид намоянд.

3.Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат, бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон, чораҷӯӣ намояд.

4. Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншоотҳои мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хамаҷониба мусоидат намоянд.

5. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори музкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ