Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 April 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №175 аз 05.04.2013

 

           Дар бораи баргузории тендери такрорӣ 

 

Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  Душанбе № 112 аз 18 феврали соли 2011 «Оид ба тасдиқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе  барои солҳои 2011-2015»  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти    маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 12, 14, 25 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» бо дарназардошти Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №239  аз 25 декабри  соли 2012

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Бинобар ба сабаби рад намудани дархостҳои тендерии довталабон аз ҷониби Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба интихоби молрасони   2200 (ду ҳазору дусад) адад компютер барои муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 750 аз 6 декабри соли 2012 «Дар бораи баргузории         тендер» эълон шудааст, озмуни харид бекор карда шавад.

2.   Расмиёти хариди давлатӣ барои интихоби молрасони 2200 (ду ҳазору дусад) адад компютер барои муассисаҳои таълимии  пойтахт бо баругзории тендер тариқи иштироки номаҳдуди довталабон ҷонибдорӣ карда шавад.

3.    Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодшуда оид ба интихоби молрасони 2200 (ду ҳазору дусад) адад компютер барои муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро тариқи иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

4.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри     Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) ҷиҳати ирсоли даъватнома ба ширкатҳое,  ки компютер истеҳсол менамоянд, тавассути сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе чораҳои амалӣ андешад.

5.    Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эълон ва хуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер таъмин намояд.

6.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

     Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№175 аз 05.04.2013

 

Ҳайати

комиссияи тендерӣ барои интихоби 2200 (ду ҳазору дусад)

адад компютер барои муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе

 

1. Шарипов З.Р.                  - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри    

Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №42 

раиси комиссия 

 

Аъзоёни комиссия:

 

2. Одинаев С.Н.                   - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри    

Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №3

 

3. Давлатова М.А.               - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри    

Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №35

 

4. Раҳимова С.Ҳ.                  - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри    

Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №46

 

5. Шоев Н.Н.                        - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри    

Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №59

 

6. Фақеров Ҳ.Н.                   - сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе

 

7. Кенҷаев Д.М.                   - сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе

 

8. Ҳамроев Д.Т.                    - мудири  шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии

дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

9. Хоҷиев М.                         - мутахассиси дорои сертификати харид