Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 April 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе №198 аз 9.04.2013 

 

         Дар бораи тақсимоти воситаҳои нақлиёти коммуналӣ

Бо мақсади беҳдошти ҳолати парки нақлиёти коммуналии шаҳрӣ, санитарию-эпидемиологӣ ва сифату маданияти хизматрасонии коммуналӣ, бо дарназардошти Қарордоди №2 Лоти 2.1. «Хариди мошинҳои махсуси партовкашӣ, мошинҳои махсуси обкашӣ ва мошинаи боркаш» аз 5 ноябри соли 2012, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.    Воситаҳои нақлиёти коммуналие, ки тибқи нақшаи харид дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе»  харидорӣ шудаанд, ба корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашонии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» мувофиқи рӯйхати зерин тақсим карда шаванд:

 

Номгӯи техника

 

Тамға

Шумора

Аз он ҷумла:

Ноҳияи Сино

Ноҳияи И. Сомонӣ

Ноҳияи Фирдавсӣ

Ноҳияи Шоҳмансур

Партовгоҳи шаҳри Душанбе

Мошинҳои партовкашии борбардориашон аз бар

V=16м3, КО-440-7, шасси КАМАЗ-43253

11

4

2

2

3

 

Мошинҳои партовкашии борбардориашон аз пас

V=18м3, КО-440В-1, шасси КАМАЗ-65115

5

2

1

1

1

 

Мошинҳои обкашонӣ

V=7м3, КО-829Д-01, шасси  КАМАЗ-53605

5

1

1

1

1

1

Мошини боркаш

 10 тн. шасси  КАМАЗ-55111-018-15

1

 

 

 

 

1

Ҳамагӣ

 

22

7

4

4

5

2

 

2.    Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба маълумотҳои ҳисоботӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

3.    Раисони ноҳияҳои шаҳри  Душанбе, роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашонии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» нигоҳдорӣ ва аз рӯи меъёр истифодабарии самараноки воситаҳои нақлиёти қабулгардидаро таъмин намоянд.

4.    Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5.    Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод гардад.

6.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  гузошта шавад.

                                                                          

  М. УБАЙДУЛЛОЕВ