Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №191 аз 05.04.2013

 

Дар бораи  чораҳои иловагӣ оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1291 аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ»

 

 Бо мақсади татбиқи чораҳои иловагӣ бобати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1291 аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ва бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 111-6 аз 28 феврали соли 2013 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 589-1 аз 26 сентябри соли 2012 «Дар бораи тақвияти чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар самти пешбурди назорати ҷамъиятии фаъолияти субъектҳои хизматрасон ба аҳолӣ, корҳои ободонӣ ва густариши робита бо институтҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.    Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати бо ҳуҷраҳои корӣ,  таҷҳизоти зарурӣ,  телефон ва дигар намуди  воситаҳои алоқа, мебел, компютер таъмин намудани нозирони  минтақавии  милитсияи дар ҳудуди ноҳияҳо воқеъбуда чораҳои зарурӣ андешида, аз иҷрои Қарори мазкур  то 1 июли соли 2013 ба унвони Раиси шаҳри Душанбе ахбори муфассал пешниҳод намоянд.

           2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. дар якҷоягӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати ҳисоби хоҷагии баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе, Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе оид ба шумора ва ҳолати манзилии нозирони минтақавии милитсия,  ки дар   минтақаҳои вобаста гардида адои хизмат менамоянд  ва масъалаи  бо манзили   истиқоматии хизматӣ ё  бо қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таъмин намудани онҳо, то 1 июли соли 2013   таклифҳои асоснок пешниҳод намоянд. 

           3. Шӯрои ҷамъиятӣ  дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа, ҳайат ва Низомномаи он тибқи замимаҳои  1 ва 2 тасдиқ карда шаванд. 

           4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. дар якҷоягӣ бо шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати   мунтазам тавассути  воситаҳои  ахбори  омма, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» дастраси аҳолӣ гардонидани натиҷаҳои  кору   фаъолияти нозирони минтақавии милитсия чораҳо андешад. 

           5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

             М.УБАЙДУЛЛОЕВ