Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 April 2010

Рушди меъморӣ ва ташкили шароитҳои мусоид ба иштироки соҳибкорон дар ин самт аз аввалиятҳои сиёсати шаҳрдорӣ буда, баҳри дастгирии ташаббусҳои онҳо иқдомоти пайваста амалӣкарда мешаванд.

Бо тасдиқ ба ин маром 13 апрели соли 2010 таҳти № 247 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо максади таъмини истифодаи самараноки замин ва рушди соҳибкорӣ оиди сохтмони иншоотҳои инфрасохторӣ дар пойтахт Қарор ба тасвиб расонид.

Тибқи Қарори мазкур ба маълумоти шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣрасонида мешавад, ки аз 14 то 29 апрели соли равон дар мавзеъҳои зердарҷгардида мутобиқ ба талаботи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе барои дарёфти иҷозати лоиҳакашии иншооти:

            -  бинои 9 ошёнаи Гипермаркет, дар кӯчаи Н.Махсум дар масоҳати 0,10 (сифр аз сад даҳ)га.

-  Маркази дилхушии итолиявӣ ва хизматрасонии маишӣ, дар кӯчаи Шамсӣ дар масоҳати 0,10 (сифр аз сад даҳ)га.

-  се бинои истиқоматии 9-ошёна дар кӯчаи Сино дар масоҳати 0,56 (сифр аз сад панҷоҳу шаш)га.

- хонаҳои истиқоматии бисёрошёнаи бисёрквартирадор дар маҳаллаи Испечак дар масоҳати 1,0 (як)га.

- ҳаммоми замонавӣдар маҳаллаи Зарафшон, қисми ғарбии шаҳраки 114 дар масоҳати 288,0 (дусаду ҳаштоду ҳашт) метри мураббаъ.

 - Маркази савдо ва хизматрасонии маишиву маданӣдар гузаргоҳи 3, кӯчаи Б.Ғафуров дар масоҳати 0,04 (сифр аз сад чор)га.

            - «Комплекси муосири варзиш ва барқароркунии саломатӣбарои кӯдакон», воқеъ дар кӯчаи Баҳовуддинов дар масоҳати 0,15 (сифр аз сад понздаҳ) га, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣдар шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. 

Дар ин зимн Сарраёсати меъморӣва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки тибқи Қарори комиссияи озмун, ки на дертар аз 3 майи соли 2010 омода мегардад, дар доираи муқаррарот лоиҳаи қарорҳоро оиди барои ғолибони озмун интихоб намудани қитъаи замин ҷиҳати лоихакашӣ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

        Ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмун аз 14 апрел то 28 апрели соли 2010 ба Сарраёсати меъморӣва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бо қйди «Барои озмун» ба суроғ аи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 48, (почтаи электронӣ: e-mail dushanbeSRMSh@mail.ru) қабул карда мешаванд.

                             Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе