Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2013

17 апрели соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии консепсияи рушди меъморӣ ва ҷойгузинии иншоотҳо дар қисмати марказии шаҳр бо инобати майдони «Дӯстӣ» ҷаласаи мутахассисон - меъморони варзидаи ҷумҳурӣ, аъзоёни Шӯрои шаҳрсозии  шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  баргузор гардид.

Дар ҷаласа тибқи дастури шаҳрдорӣ консепсияҳои тарҳрезикардаи пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии ватанӣ ва пудратчии  анҷоми корҳои тасҳеҳи Нақшаи генералии амалкунандаи шаҳр – ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия  барои муҳокимаи мутахассисон пешниҳод карда шуданд.

Зимни муҳокимаҳои тӯлонӣ консепсияи бунёди иншоотҳои  маъмурӣ дар қисмати марказии шаҳр, аз буриши кӯчаи Теҳрон то кӯчаи Шотемур дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ гардид.  

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ироаи эродҳои хеш дар ислоҳи консепсияҳои пешниҳод гардида, таъкид намуд, ки барои таҳияи лоиҳаҳои мукаммали иншооти зикргардида, ки дар асоси фармоишҳои техникӣ ва супоришҳои ба нақшагирии меъморӣ тарҳрезӣ карда   мешаванд, шаҳрдорӣ танҳо пас аз тасдиқи консепсияҳои мазкур аз ҷониби Роҳбари давлат  омода аст миёни пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии ватанию хориҷӣ озмуни кушод эълон намояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаҳои қаблии баррасии консепсияҳои мазкур беш аз 18 лоиҳаҳои мухталиф аз ҷониби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ пешниҳод гардида буданд, ки бештари муаллифонро меъморони ҷавон ташкил медоданд.