Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 April 2013

Шаҳрдории Душанбе иштирокчии фаъоли ҳамаи Ниммарафонҳои байналмилалии шаҳри Душанбе  (I, II, III) сокини 82- солаи пойтахт Мирзоев Зайдулоро дар остонаи истиқболи Рӯзи пойтати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорумин Ниммарафони анъанавии байналмилалии шаҳри Душанбе, бо  квартираи якҳуҷрагии № 7,  воқеъ дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматии кӯчаи Борбад, 56 –и ноҳияи Фирдавсӣ қадргардонӣ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки тасмими мазкур барои саҳми арзанда гузоштани мавсуф дар мубаллиғии варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ҷомеаи пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 21 апрели соли 2012 зимни қадргардонии ғолибони сеюмин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе гирифта шудааст.

          Зайдуло Мирзоев новобаста аз ба синни мубораки 82 расидани худ, бори дигар аз ин туҳфа ва соҳибсухании шаҳрдор изҳори сипос намуда, зикр сохт, ки феълан барои иштирок дар чорумин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе омодагӣ гирифтааст ва кулли ҷавононро ба ин сабқат даъват менамояд.