Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 April 2013

ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ № 205 аз 16.04.2013

 

Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаҳои

озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол – 2012»,

«Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию 

санитарии сол - 2012», «Табиби сол - 2012»,

«Табиби оилавии сол - 2012»

ва «Корманди миёнаи тибби сол - 2012»

 

Бо мақсади дастгирии  иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани  хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе, бо дарназардошти Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздах моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010», Қарори Раиси шаҳри Душанбе №262 аз 23 майи соли 2012 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе», бо дарназардошти протоколи №1 аз 28 марти соли 2013 Кумитаи тадорукот оид ба ҷамъбасти озмунҳои касбии шаҳрӣ,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1.Протоколи замимагардидаи №1 аз 28 марти соли 2013 Кумитаи тадорукот оид ба ҷамъбасти даври шаҳрии озмунҳои «Беморхонаи сол  - 2012», «Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2012», «Табиби сол - 2012», «Табиби оилавии сол - 2012», «Корманди миёнаи тиббии сол -2012»  маъқул дониста шавад:

 а) ба ғолиби озмуни «Беморхонаи сол  - 2012» - коллективи кормандони Беморхонаи клиникии кӯдаконаи шаҳрии №2 мукофот ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ сарфароз гардонида шавад;

б)  ғолиби озмуни «Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2012» - коллективи кормандони Маркази саломатии шаҳрии №10  мукофот ба маблағи 2 500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ сарфароз гардонида шавад;

в) ғолиби озмуни «Табиби сол - 2012» - муовини сартабиби Беморхонаи клиникии сироятии кӯдаконаи шаҳрӣ  Қаландарова С.С. мукофот ба маблағи 2000 (ду ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад;

г) ғолиби озмуни «Табиби оилавии сол - 2012» - табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №11 Сафаров Ҳ.А. мукофот ба маблағи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ қадр карда шавад;

д) ғолиби озмуни «Корманди миёнаи тиббии сол – 2012» сарҳамшираи Беморхонаи клиникии кӯдаконаи  шаҳрии №2  Назархудоева Лайлӣ        мукофот ба маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад.

2.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ тибқи ҳисобномаи замимагардида ба Раёсати тандурустии Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони фаъоли озмунҳои касбӣ  ҷудо намояд.

3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ