Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 April 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №203  аз 16.04.2013

 

Дар бораи натиҷаи озмунҳои шаҳрии  «Мактаби сол - 2012», «Директори сол-2012», «Муаллими сол-2012», «Кӯдакистони сол -2012», «Мудири кӯдакистони сол-2012», «Мураббии сол-2012», «Синфи беҳтарини сол-2012», «Волидайни беҳтарини сол-2012»

 

  Бо  мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии моддии  кормандони соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллиии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешаванд ва бо дарназардошти Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №123-12 аз 20 декабри  соли  2012  дар  бораи  «Ҳисоботи Раиси  шаҳри  Душанбе М. Убайдуллоев  «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллиии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011», Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  №136 аз 12  октябри соли 2000  «Дар бораи чораҳои такмили фаъолияти  муассисаҳои  таълимӣ  дар  шаҳри  Душанбе», № 224   аз 19 майи  соли  2006 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии  моддӣ - маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт», №743 аз 4-уми декабри соли 2012 «Дар бораи  баргузории озмуни шаҳрии Волидайни беҳтарини сол-2012», бо дарназардошти қарори  Кумитаи  тадорукоти  озмунҳои  касбӣ  аз  6 апрели соли 2013, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 31 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.  Протоколи замимагардидаи Кумитаи тадорукоти озмунҳои шаҳрии  «Мактаби сол-2012», «Директори сол-2012», «Муаллими сол-2012», «Кӯдакистони сол-2012», «Мудири кӯдакистони сол-2012», «Мураббии сол-2012», «Синфи беҳтарини сол-2012» ва «Волидайни беҳтарини сол-2012» №1 аз 6 апрели соли 2013 маъқул дониста шуда:

 а) ба ғолиби озмуни «Мактаби сол-2012» - коллективи меҳнатии  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 21  ноҳияи Шоҳмансур  Раёсати ҳисоби хоҷагӣ, баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе  тибқи талаботи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда як хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда, барасмиятдарории онро таъмин намояд;

б) ғолиби озмуни «Директори сол-2012» - директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 30-и ноҳияи  Фирдавсӣ Қурбонова  Хоҷабегим  бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ  сарфароз гардонда шавад;

    в) ғолиби озмуни «Муаллими сол-2012» - муаллимаи синфҳои ибтидоии Муассисаи таълимии давлатии  гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Одинаева Ноз Бековна бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад;

   г)  ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол -2012»-  кӯдакистони № 119 ноҳияи Фирдавсӣ  (мудираш Раҳмонова Зебониссо)  дар  ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад;

   ғ) ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол-2012» - мудири кӯдакистони № 45 ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарипова  Наргис Достиевна  бо мукофотпулӣ  дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ сарфароз гардонда шавад;

  д)  ғолиби озмуни «Мураббии сол-2012» - мураббии кӯдакистони №55 ноҳияи Сино Арбобова Гулафрӯз  дар ҳаҷми  1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ мукофотонида шавад;

  е)  ғолиби  озмуни  «Синфи  беҳтарини  сол-2012» -  коллективи синфи 8«в» гимназияи  № 53 ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва  роҳбари ҳамин синф Абдусамадова Роҳат дар ҳаҷми 100 (дусад)  сомонӣ барои 10 моҳ, сардори синф Салимова Шукрона  60 (шаст)  сомонӣ барои 9 (нӯҳ) моҳ,  32 (сию ду) нафар хонандагони синф ҳар кадоме дар ҳаҷми  50 (панҷоҳ)  сомонӣ  барои  9 моҳи  соли  2013 ба  ин мақсад ҷудо гардида, бо идрорпулии Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе  ҳавасманд гардонда шаванд.

ё) ғолиби озмуни «Волидайни беҳтарини сол-2012» Маҳмадалии Мақсадулло аз мактаби №15  ноҳияи  Шоҳмансур дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ мукофотонида шавад.

2. Кӯдакистони №159  ноҳияи Шоҳмансур (мудираш Шарифова Бунафша) барои ишғоли ҷойи 2-юм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2012» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми  1500 ( як ҳазору панҷсад) сомонӣ қадр карда шавад.

3. Кӯдакистони №112  ноҳияи Сино  (мудираш Муҳиддинова Гулрӯ)  барои ишғоли ҷойи 3-юм дар озмуни «Кӯдакистони сол - 2012» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 (ҳазор) сомонӣ  қадр карда шавад.

4. Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, иштироки фаъолона дар озмунҳои «Мактаби сол-2012», «Директори сол-2012», «Муаллими сол-2012», «Кӯдакистони  сол – 2012»,  «Мудири кӯдакистони сол–2012»,  «Мураббии  сол–2012» шахсони зерин ҳар кадом ба мабалағӣ 500  (панҷсад) сомонӣ қадр карда шаванд:

·                      Набиев Сироҷиддин – директори мактаби таҳсилоти умумии №33 ноҳияи  Сино

·                      Ғайратова Надия Исхаковна– директори Муассисаи таълимии давлатии литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

·                      Ҷалолова Адолат  - директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №48 ноҳияи Шоҳмансур

·                      Зоҳидова Дилбар – директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №89 ноҳияи Сино

·                      Қурбонова Муҳаббат – мудири кӯдакистони № 20 ноҳияи    Фирдавсӣ  

·                      Шукурова Раъно - мудири кӯдакистони № 55 ноҳияи  Сино

·                      Маҳмудов Давлатшо – муаллими фанни таърихи гимназияи №53 ноҳияи Исмоили Сомонӣ

·                      Суриева Холиса – муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби №65 ноҳияи Шоҳмансур

·                      Ниёзова Қурбонбика – муаллимаи  фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби №98 ноҳияи Сино

·                      Беҳбудова Парвина – мураббии кӯдакистони № 34 ноҳияи  Исмоили Сомонӣ

·                      Сайвалиева Маҳбуба   – мураббии кӯдакистони №53 ноҳияи Фирдавсӣ.

5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби мабалағҳои ба ин мақсад дар буҷети шаҳр пешбинишуда  39440   ( сиву нӯҳ  ҳазору чорсаду чил)  сомонӣ тибқи ҳисобномаи замимагардида  ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардондани ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо ҷудо намоянд.

6. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои дар сметаи хароҷотӣ ба ин мақсад пешбинишударо таъмин намуда, таҷрибаи ибратбахши омӯзгорону мураббиён, роҳбарони бомаҳорату беҳтарини муассисаҳои таълимии шаҳрро дар байни  ҳамаи мактабу кӯдакистонҳо тарғибу ташвиқ намояд.

7.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8.  Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

9.  Назорати иҷрои   Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ.   гузошта шавад.

         М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замима  ба  Қарори Раиси шаҳри Душанбе

                                                                     №203  аз 16.04.2013               

 

 

Ҳисобномаи маблағҳо барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳои касбии кормандони соҳаи маорифи пойтахт

 

 

Номгӯи озмунҳои касбӣ

Шумора ва маблағи ҳавасмандгардонӣ (сомонӣ)

маблағи умумӣ (сомонӣ)

1

Ғолиби озмуни «Мактаби сол -2012»

Як хонаи сеҳуҷрагӣ

 

2

Ғолиби озмуни «Директори сол-2012»

1х3000 = 3000

3000

3

Иштирокчиёни озмуни «Директори сол-2012»

2х500 = 1000

1000

4

Ғолиби озмуни «Муаллими сол -2012»

1х2000 = 2000

2000

5

Иштирокчии озмуни «Муаллими сол -2012»

3х500 = 1500

1500

6

Ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол -2012»

1х3000 = 3000

3000

7

Иштирокчиёни озмуни «Кӯдакистони сол - 2012»

1 х1500 = 1500

1 х1000 = 1000

 

2500

8

Ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол -2012»

1х2000  = 2000

2000

9

Иштирокчиёни озмуни «Мудири кӯдакистони сол -2012»

2х500 = 1000

1000

10

Ғолиби озмуни «Мураббии сол-2012»

1х1500  = 1500

1500

11

Иштирокчиёни озмуни «Мураббии сол -2012»

2х500 = 1000

1000

12

Ғолиби озмуни «Синфи беҳтарини сол»

1х100х10 =1000

1х60х9  =540

32х50х9 = 14400

15940

13

Ғолиби озмуни «Волидайни беҳтарини сол-2012»

1х5000 =5000

5000

 

Ҷаъи умумии маблағҳо

 

 39440