Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 April 2013

ҚАРОРИ РАИСИ    ШАҲРИ   ДУШАНБЕ №202  аз  16.04.2013

        Дар бораи пардохти маблағҳои  идрорпулиҳо ба хонандагони аълохони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва   омӯзгорони эҷодкору навҷӯи мактабҳои таҳсилоти умумии  шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади  ҳавасмандгардонии хонандагони аълохони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва омӯзгорони  эҷодкору  навҷӯйи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва бо дарназардошти Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №123-12 аз 20  декабри соли 2012 дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе  М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши  барномаҳои иҷтимоию  иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 20012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011», Қарори  Раиси шаҳри Душанбе № 224 аз 19 майи соли 2006 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ- маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт» бо дарназардошти протоколи  №1  аз 6 апрели соли 2013 Комиссияи назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба интихоби хонандагони аълохони муассисаҳои  тахсилоти умумии шаҳри Душанбе, донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ– истиқоматкунандагони муқимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони эҷодкору навҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои таъин намудани идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013, Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ     3     аз 27 марти  соли 2013, мутобиқ ба талаботи моддаи 19 ва 20  Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Рӯйхати  замимагардидаи хонандагони аълохони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни  аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва омӯзгорони эҷодкору навҷӯйи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе  барои гирифтани идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  барои соли 2013 тасдиқ карда шавад.

 2.  Сарраёсати  молияи шаҳри Душанбе  ( Кенҷаев Д.М.) маблағҳои дар буҷети шаҳрӣ барои идрорпулиҳо пешбинишуда тибқи ҳисобномаи замимагардида ба маблағи   198030 (як саду наваду ҳашт ҳазору сӣ) сомонӣ ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

3.          Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.) маблағҳои ҷудошударо ба хонандагони аълохон, омӯзгорони эҷодкору навҷӯи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри  Душанбе ва донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дастрас гардонад.

4.          Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5.          Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин созад.

6.          Назорати иҷрои  Қарори мазкур  ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ.  гузошта шавад.

                                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ