Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 April 2013

ҚАРОРИ  Раиси шаҳри Душанбе №207 аз 16.04.2013

 

Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин

   тарабхона, меҳмонхона ва ошхона »

 

       Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ барои беҳтарин дастовардҳо ба меҳмонони хориҷӣ, сокинони шаҳри Душанбе ва зина ба зина рушду нумуъ ёфтани сатҳи хизматрасонӣ, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардондани субъектҳои хочагидории хизматрасонӣ, инчунин, рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Душанбе, таҳкими муносибатҳои судманд бо сектори хусусӣ ва муҳайё намудани шароити созгор барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №360 аз 28 августи соли 2011 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 5 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

      1. Протоколи замимагардидаи комиссияи озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» №1 10 апрели соли 2013 оид ба ѓолиби озмун эътироф намудани соҳибкорони зерин тасдиқ карда шавад:

                                       Беҳтарин меҳмонхона

    Меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенсӣ»

 

                                       Беҳтарин тарабхона               

    Тарабхонаи «Қанд»

 

                                          Беҳтарин ошхона

    Ошхонаи «Тайга».

   

     2. Ғолибони  озмун  бо  Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе, сарфароз гардонида шаванд.

     3. Муқаррар карда шавад, ки супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар  расми таҷлили Рӯзи пойтахт сурат мегирад.

     4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намуда, интишори онро дар васоити чопию электронӣ ба роҳ монад.

    5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ