«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 April 2013

Қарори РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №206 аз 16.04.2013

 

Дар бораи ҷамъбасти озмунҳои

шаҳрӣ бахшида ба «Рӯзи пойтахт»

Бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судманди шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаҳои  4 ва 18  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», Консепсияи озмуни «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт», ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №169 аз 9 апрели соли 2009 тасдиқ гардидааст ва бо назардошти Протоколҳои маҷлиси ҳайати ҳакамон ҷиҳати муайян намудани беҳтарин намоиши наврӯзӣ дар маҳаллаву шаҳракҳои шаҳри Душанбе аз 21 марти соли 2013 ва ҷамъбасти озмунҳои шаҳрӣ бахшида ба «Рӯзи пойтахт» аз 13 апрели соли 2013 

 

Қарор мекунам:

1.  «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» - маҳаллаи «Шодиёна»-и ноҳияи Фирдавсӣ ҳисобида шуда, бо диплому Ҷоизаи рамзӣ бо акси Нишони шаҳри Душанбе сарфароз гардонида,  дар ҳудуди он сохтмони «Маркази ҷамъиятӣ» барои 150 (яксаду панҷоҳ) ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе  анҷом дода шавад.

 

2.  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе (Файзуллоев Қ.) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе (Абдуалимов Б.А.), Сарраёсати кабудизоркунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Холов А.),  Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мирзоев С.), Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.) тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҷои мувофиқро барои сохтмони «Маркази ҷамъиятӣ» интихоб намуда, дар муддати як моҳ лоиҳаи  Қарори Раиси шаҳри Душанберо оид ба ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони маркази мазкур омода ва барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

 

3.  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» (Анваров С.С.) дар муддати ду моҳ ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмони иншооти мазкурро бо назардошти хулосаи экспертизаи давлатӣ таҳия ва ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои муайян намудани манбаи маблағгузорӣ манзур созад.

 

4.  Ғолиби озмуни «Беҳтарин намоиши наврӯзии маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт» шаҳраки № 4 ноҳияи Исмоили Сомонӣ дониста шуда, бо мукофотпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад.

 

5.   «Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил» -«Кооперативи соҳибмулкони манзили ба номи Софя Ковалевская»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ  бо диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ қадрдонӣ карда шавад.

 

6.  «Беҳтарин манзили пойтахт» - бинои истиқоматии  кӯчаи Аҳмади Дониш, хонаи 15, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, бо диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ қадрдонӣ карда шавад.

 

7.  «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» - шаҳрванд Файзова Норбибӣ, корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино бо диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» қадрдонӣ карда шавад.

 

8.  «Беҳтарин Муассисаи фарҳангии пойтахт» - Китобхонаи муосири пойтахти Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ мукофотонида шавад.

 

9.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) тибқи хароҷотномаи замимагардида ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои дастрас намудани 3 маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ, телевизор, роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм»  ва қадрдонӣ намудани ғолиби «Беҳтарин намоиши наврӯзии маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт» 24 148 (бисту чор ҳазору як саду чилу ҳашт) сомонӣ ҷудо намояд.

 

10.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

  

11.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

                                                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ