Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 April 2013

22 апрели соли 2013  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки кулли роҳбарони ташкилоту идораҳо ва  муассисаҳои  зертобеи  шаҳрдорӣ ҷаласаи васеъ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев, қабл  аз ҳама ба аҳли ҳузор ва кулли сокинони шаҳр ҷиҳати  иштироки фаъолона дар баргузории Рӯзи пойтахт сипосмандии самимона намуда, таваҷҷуҳи масъулинро ба иҷрои хушсифат ва бомароми вазифаҳои хизматӣ, ки дар маҷмӯъ барои фароҳам овардани шароитҳои арзандаи будубоши сокинон  сафарбар шудаанд, нигаронида, бо ироаи дастурҳои хеш талаботҳои катъиро ба ҳар кадоме муқаррар сохт.

Дар иртибот ба тарҳрезии  барномаву нақшаҳои шаҳрдорӣ оид ба истиқболи Рӯзҳои ҷавонон ва Ваҳдат дар шаҳри Душанбе ва омодасозии руҳияи созандаву ободкориҳо ба ин муносибат, Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки ҳар рӯзҳои шанбе то фарорасии  23 май –Рӯзи ҷавонон ва рӯзҳои 27 –уми апрел, 25-уми май ва 22 июн  ба хотири Рӯзи ваҳдат бо ҷалби васеи ҷавонон, аҳли ҷамоатчигӣ, институтҳои шаҳрвандӣ ҳашарҳои умумишаҳрӣ доир карда мешаванд.

Мутобиқ ба он 23-юми май аз соати 18 то 20 дар боғғҳои  фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо, ба номи С.Айнӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Москва чорабиниҳои ноҳиявӣ бо иштироки ситораҳои ҷавони эстрада, аксияҳои марбутаи созмонҳои ҷавонон, аз ҷумла Созандагони Ватан, ки дар он метавонанд инчунин институтҳои шаҳрвандӣ  ва Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ширкат варзанд, роҳандозӣ хоҳанд шуд.  Чорабинии сатҳи шаҳрӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон 23-юми май, соати 19 дар Боғи пойтахт рангину хотирмон баргузор мегардад.

27 –уми июн Рӯзи ваҳдат  бошад дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо барномаи ҳадафманди театрикунонида, ки бидуни иштироки мактабиёну донишҷӯён тарҳрезӣ мегардад, бо ҷалби зарфиятҳои сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва театру ансамбл, дастаҳои ҳунарӣ ва институтҳои касбӣ таҷлил карда мешавад.

Дар ҷаласа инчунин дигар масоили хоҷагидории шаҳр мавриди таваҷҷуҳ ва масъалагузории шаҳрдор қарор гирифта, ба масъулин оид ба таъмини ғановати бозори истеъмолӣ ва аз ҳисоби захираву маблағҳои бозорҳои коммуналӣ ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳамарӯза ташкил намудани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонии нақлиёти коммуналӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ, саривақт баровардани партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва сифату иҷрои корҳои сохтмону азнавсозӣ, таъмири роҳҳо ва ороиши мавзӯӣ дар шаҳр дастурҳои мушаххас ироа гардиданд.