Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 April 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №224  аз 18.04.2013

 

Дар бораи  аксияи экологӣ бахшида

ба Рӯзи умумиҷаҳонии  Замин

 

Бо мақсади иҷрои банди 5-и Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили  90-солагии мақоми  пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро гардидани шаҳри Душанбе аз 25 марти  соли 2012 то 1 октябри соли 2014 дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе эълон гаштани «30 моҳи ободонӣ», бо инобати муроҷиати ташкилотҳои ҷамъиятии «Замини хурд», «Ҷавонони асри XX1», «Насли  Наврас» ва радиои «Ватан» № С-187 аз 30 марти соли 2013 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.             Ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятии «Замини хурд», «Ҷавонони асри XX1», «Насли Наврас» ва радиои «Ватан» барои баргузории ҷамъоварии макулатура дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар санаи 22- 24-уми апрели соли 2013 дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ гардида, нақшаи чорабиниҳои  замимагардида тасдиқ карда шавад.

2.             Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Қурбонов Д.М.), Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.) барои амалӣ намудани чорабинии мазкур бо ташкилотҳои муроҷиаткунанда ҳамкорӣ намуда, дар ҷалби ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомотҳои давлатию ғайриҳукуматӣ, корхонаю идораҳо, муассисаҳо ва ҷавонон мусоидат намоянд.

3.             Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ., раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ-Қурбонов А.Ҷ., Фирдавсӣ-Алиев С.А., Шоҳмансур-Бобоев С.Қ., Сино-Сафаров З.А., Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.) ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Қурбонов Д.М.) баҳри самарабахш ва дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабинии мазкур чораҳои амалӣ андешанд.

4.             Раёсати Кумитаи давлатии  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.) амнияту тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории  чорабинӣ таъмин намоянд.

5.             Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

6.             Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замима ба

Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№224  аз 18.04.2013

 

Нақшаи

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин

 

р/т

Нақшаи корҳо

Мӯҳлат

Иҷрокунандагон

Масъули назорат

1.

Ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ,  ихтиёриён ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ҷойҳои муайяншуда баҳри ҷамъоварии қоғазпора барои коркарди такрорӣ

22-24

апрели соли 2013

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе,  Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ташкилотҳои ҷамъиятии «Замини хурд», «Ҷавонони асри 21» ва «Насли наврас»

Қурбонов Д.М.,

Ҷураев А.Ш.

2.

Муҳайё намудани лавозимотҳои корӣ:  халтаҳои салафанӣ ва дастпӯшак барои ҷамъ намудани қоғазпораҳо

22-24 апрели соли 2013

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе

Ҷураев А.Ш.

3.

Сари вақт ҷамъоварӣ намудани қоғазпораҳо аз  вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилоту муассисаҳо тавассути  техникаҳо ба корхонаҳои коркарди қоғазпора

22-24 апрели соли 2013

КВД «Нақлиётҳои махсус оиди кашонидани партовҳои сахти маишӣ» дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Қурбонов А.Ҷ., Бобоев С.Қ., Сафаров З.А.,

Алиев С.А.

4.

Таблиғу ташвиқот оид ба чорабинии мазкур ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати тоза нигоҳдории муҳити зист хоса –Замин аз тариқи воситаҳои ахбори умум

 

22-24 апрели соли 2013

МД «Телевизиони пойтахт», рӯзномаи «Паёми Душанбе»

Раҳимова С.Ҳ.