Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 April 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 231 аз  23.04.2013

 

Дар бораи «Даҳ Рӯзи ҷавонони шаҳри Душанбе»

ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ, дар сатҳи баланди ғоявию фарҳангӣ  ва илмиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №820 аз 31 декабри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013», мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

 

1. Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  аз 14 то 23 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе  «Даҳ Рӯзи ҷавонони шаҳри Душанбе» эълон карда  шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

3. Аз тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ  хоҳиш карда шавад, ки барои муташаккилона сафарбар намудани ҷавонон ба маъракаи ободонӣ, тозагию озодагии  гирду атроф ва ҷойҳои истироҳативу ҷамъиятӣ рӯзҳои  ҳашари умумишаҳрии ҷавонони шаҳри Душанберо ба таври фарогир ташкил намоянд. 

4. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе: Фирдавсӣ –Алиев С.А., И.Сомонӣ- Қурбонов А.Ҷ., Сино – Сафаров З.А., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ. барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани маъракаҳои фарҳангиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, гузаронидани чорабиниҳои  фарҳангию варзиширо мутаносибан дар боғҳои  Дӯстии халқҳо, Айнӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Москва аз соати 18 00 то 20 00 рӯзи 23 майи соли 2013 доир намоянд.     

5. Раёсатҳои маориф, тандурустии шаҳри Душанбе, шуъбаҳои фарҳанг, кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бобати дар сатҳи баланди

ташкиливу оммавӣ доир намудани чорабиниҳои маърифативу идона ва фарҳангии соҳавӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе тадбирҳои амалӣ андешанд.

6. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе якҷоя бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ «Ҷавонони раванди рушд»-и шаҳри Душанбе, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», дигар институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  ташкили аксияву иқдомҳои созанда, иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намуда, ҳамзамон 23 майи соли равон, соати 1900 дар Муассисаи давлатии  «Боғи пойтахт»- и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангии сатҳи баландро бо иштироки сарояндагони ҷавони эстрадаи тоҷик дар ҳамкориву мувофиқа бо Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» ба нақша гирад. 

7. Ба инобат гирифта шавад, ки Рӯзи дави миллӣ мувофиқ ба хатти дави муайяншуда таърихи 19 майи соли равон, соати 9 00         гузаронида мешавад ва тамоми сохторҳои шаҳрӣ барои дар сатҳи баланд доир намудани он, инчунин бобати таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонию варзиш тадбирҳои лозимаро амалӣ намоянд.

8. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти  шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ташкили хизматрасонии тиббии «Ёрии таъҷилӣ», риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди фарҳангию фароғатӣ доир гардидани чорабиниҳо  чораҳои мушаххас  андешанд.  

9. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма ба роҳ монад.

10. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ