Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 May 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе №252  аз 30.04.2013

 

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо

оид ба таҷлили ҷашни 68-умин солгарди

Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании

солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, дар рӯҳияи матонату далерӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва дастгирии иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд,  ҳамчунин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашни 68-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, мутобиқ моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 8 ва 9 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»  ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 Қарор мекунам:

1.    Нақшаи чорабиниҳо тибқи замимаи №1  оид ба таҷлили ҷашни 68-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе мавриди иҷроиш қарор дода шавад.

2.    Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) барои пардохти кӯмакпулии якдафъаина аз ҳисоби маблаѓҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 570 800 (панҷсаду ҳафтод ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳар кадоме ба андозаи 700 (ҳафтсад) сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афѓонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва ба ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ мутобиқи замимаи №2 ҷудо намуда, бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ба буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаронад.

 3.    Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе бевосита ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон маблаѓҳои ҷудогардидаро аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе на дертар аз 5 майи соли ҷорӣ дастраси онҳо гардонанд ва вазифадор карда шаванд, ки тибқи муқаррарот ба дигар шахсони дар банди 2 (дуюм)-и ҳамин қарор зикргардида маблаѓҳои пулиро дар чорабиниҳои тантанавӣ на дертар аз 7 майи соли 2013 дастрас гардонанд.

 4.    Баҳри ободонии қабру пайкара ва лавҳаҳои ёдгории қурбониёну иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчунин таъмини тозагии  Боғи мемориалии «Ғалаба», майдони «Ғалаба», хиёбону кӯча ва гулгаштҳои шаҳри Душанбе рӯзи 4 майи соли ҷорӣ ҳашари умумишаҳрӣ эълон карда шавад.

 5.    Аз роҳбарони идораву муассиса ва ташкилоту корхонаҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе ҷойгирбуда хоҳиш карда шавад, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳои шахсони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардида, кӯмаки моддӣ расонанд.

 6.    Аз раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони  муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як сокини шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки тибқи Маромномаи сокини пойтахт ба таври ҳамешагӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат таваҷҷуҳи хоса, ѓамхорӣ ва муносибати некро зоҳир намоянд.

 7.     Муқаррар карда шавад, ки ҳама гуна ташаббусҳои шаҳрвандон, шахсони мансабдор барои кӯмак ва дастгирии ҳамаҷонибаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, алалхусус ба ниёзмандон чун иқдоми наҷиб, ҳамеша мавриди истиқбол ва тарѓиботу ташвиқот қарор дода мешавад.

8.     Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути васоити ахбори омма  инъикоси васеи Қарор, омодагӣ ва таҷлили 68-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро дар шаҳри Душанбе таъмин намояд.

9.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

М.Убайдуллоев