Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 May 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе 266 аз 2.05.2013

 

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ доир намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди иҷроиш қарор дода шавад.   

2.     Роҳбари бадеии Намоиши театришуда бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе ба зиммаи режиссер-таҳиягар, директори Муассисаи давлатии  Маркази эҷодии «Илҳом» Ҷалолов Набиҷон гузошта шуда, ҳамзамон дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаю самарабахши ташкилоту сохторҳои илмию фарҳангӣ ва ҷамъиятии марбутаю беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» таъмин  намояд.

3.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба  шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе ороиши бадеии шаҳрро ба муносибати ҷашн таъмин намуда, доир ба таъмири унсурҳои ороишии барқӣ ва гузоштани ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

4.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нигаҳдошти реквизиту лавозимот ва экспозитсияву воситаҳои ороишӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

5.     Аз сокинону меҳмонони шаҳр хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва Маромномаи сокини пойтахтро қатъиян риоя намоянд.

6.     Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ.  гузошта шавад.

                                      

   М. УБАЙДУЛЛОЕВ