Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 May 2013

Дар бораи баргузории  маҳфили идонаи «Як рӯз бо шунаванда» дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

Муроҷиати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТРК-Ватан» №ФС- 538 аз 18 апрели   соли 2013 вобаста ба баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба 10-солагии таъсиси радиои «Ватан»-ро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 Қарор мекунам:

1.Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТРК-Ватан» барои баргузор намудани маҳфили идонаи «Як рӯз бо шунаванда» бахшида ба 10-солагии таъсиси радиои «Ватан»  11 майи соли 2013, аз соати 19:00 то 22:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иҷозат дода шавад.

2.Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо таъмин намудани дастгоҳҳои тақвияти пахши садо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТРК-Ватан» барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи мазкур чораҳои амалӣ андешад.

3.Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷойи баргузории ин чорабинӣ  тадбирҳои лозимӣ андешанд.

4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.                                                  

М. Убайдуллоев