«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 May 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №242  аз 25.04.2013

 

Дар бораи баргузории тендер

        

Ба мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти шаҳри Душанбе ва ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №417 аз 30-юми сентябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи барномаи комплексии рушди нақлиёт ва роҳҳои шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2015», бо дарназардошти протоколи №104 аз 16 апрели соли 2013 ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 12 -  14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

Қарор мекунам:

         1. Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои интихоби молрасони 3 (се) адад нақлиёти махсусгардонидашуда ҷиҳати таъмири ноқилҳои троллейбусгард барои Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе пешниҳодшуда, дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро тариқи иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

         2. Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда эълон ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер, тибқи номгӯ ва миқдори нақлиёти махсусгардонидашудаи замимагардида таъмин намояд.

         3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

                                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ