Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 May 2013

6 майи соли 2013 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу институтҳои намояндагӣ ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи шаҳр, ҳамчун омили роҳандозии усули нави қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама дар радифи масоили мубрами хоҷагидории  шаҳр, маротибаи навбатӣ баҳри иҷрои вазифаҳои барномавии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз Паёми ироагардидаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли ҷорӣ бармеоянд ва вусъати корҳои таблиғотию оммавӣ миёни сокинони шаҳр дар иртибот ба он, аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев дастуру роҳнамоиҳои мушаххас сурат гирифт.

Дар ин зимн махсус таъкид гашт, ки Паёми мазкур ҳамчун санади мукаммали роҳандозии фаъолияти аҳли ҷамоатчигӣ ва кулли субъектҳои хоҷагидории марзи шаҳр дар соли ҷорӣ баҳри расидан ба таъмини шароитҳои арзандаи зиндагӣ мавриди амал қарор дода шуда, талқини муҳтавои он бо истифода аз потенсиали аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ва ҳайати комиссияи ҷамъиятии созмоншаванда ба ҳар як сокини пойтахт расонида шавад.

Бо хулоса аз ин бардоштҳо муқаррар гардид, ки дар таъмини нишондодҳои марбутаи он, пеш аз ҳама баҳри бо меҳнати созанда фаро гирифтани сокинони шаҳр, илова ба тадбирҳои аз ҷониби шаҳрдорӣ тарҳрезишуда, бо ҷалби зарфиятҳои аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо оид ба рушди соҳибкории хурду миёна ва дар ин росто бобати таъсиси ҷойҳои нави корӣ нисбати ташкили сехҳои дӯзандагию намудҳои дигари хизматрасониҳои ҷавобгӯи бозори истеъмолии шаҳр чораҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Бо истифода аз ҳузури намояндагони васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба сифати таълим ва ҳолати тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ нигаронида, аз коллективҳои омӯзгорӣ, кумитаю ассосиатсияҳои волидон ва дигар мақомоти зидахли ҳифзи ҳуқуқ  тақозо намуд, ки нисбати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, гузашта аз ин, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  аз байн бурдани ҷинояткорӣ миёни ноболиғон дар ҳамоҳангӣ фаъолияти густурдаро роҳандозӣ намояд.

Идома ба он, Раиси шаҳр аз вазъи риояи танзими расму оин дар пойтахт изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки мутаассифона натиҷаи санҷишҳои муштараки бахшҳои танзими расму оин ва дигар мақомоти дахлдори шаҳрӣ собит месозанд, ки рӯзҳои охир зимни баргузории ҷашну маъракаҳо вайронкунии муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби бархе аз мансабдорон ва дигар хизматчиёни давлатӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар ин самт макомоти прокуратураи шаҳрро зарур аст, ки баҳри таъмини иҷроиши якхелаи қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва халалдор накардани оромии сокинон оид ба риояи регламенти шаҳр аз тарафи субъектҳои хизматрасонию фароғатӣ бе ягон хотирбинӣ чораҳои қатъӣ андешад.

Дар ҷаласа ҳамзамон масоили таъмини волияти қонун дар самти заминистифодабарӣ, саривақт баровардани партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, дастрасии сокинон ба оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ва риояи фарҳанги ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеаи пойтахт ва омодагиҳои шаҳрдорӣ ба таҷлили  рӯзҳои Ғалаба,  ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ ба риштаи баррасию таҳлил кашида шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт ва муқаррар гардид, ки минбаъд истифодаи ин усул оид ба қабули шаҳрвандон дар ҳама ҷаласаҳои назди Раиси шаҳри Душанбе баргузоршаванда таъмин карда хоҳад шуд.