Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 May 2013

27 майи соли 2013  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ бо садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама  бо инобати  идомаёбии мавсими боришот ва пешгирӣ аз оқибатҳои боронҳои сел масъалаи ҳолати нигаҳдошту коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ва ҷӯйборҳои атрофи роҳҳои автомобилгард ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ қарор гирифт.  Вобаста ба ин гузориши раиси Комиссияи  доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ Анвар Абдурасулов дар бораи ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 60 аз 12 феврали соли 2013 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир ва пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими боронгариҳо ва пешгирии рух додани селу обхезиҳо» дар мисоли ноҳияи И.Сомонӣ шунида шуд.

Дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ ва Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанберо, ки дар иҷрои Қарори мазкур масъулияти шахсӣ доранд бори дигар муваззаф намуд, ки бо ҷалби тамоми потенсиали мавҷуда коршоямии иншооти марбутаи хизматрасонро дар мавсим ва берун аз он таъмин сохта, баҳри тақвияти фаъолияти ситодҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.  

Ҳамзамон дастур гардид, ки Комиссияи доимии марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе назорати ҷараёни омодагиҳо ва ҳолати коршоямии иншооти мазкурро дар таносуби ноҳияҳои шаҳр пурзӯр ва раисони ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор нисбати бартарафсозии  иншооти ғайриқонуние, ки дар болои каналу селпартоҳо ё худ ҷӯйборҳо бунёд гашта, ба фаъолияти онҳо халал эҷод мекунанд чораҳои фавриро амалӣ созанд.

Дар ҷаласа инчунин дигар масъалаҳои хоҷагидории шаҳр, аз қабили ғановати бозори истеъмолӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, вазъи санитарию экологӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва моликияти коммуналӣ, таъмир ва нигаҳдошти роҳҳо бо дарназардошти омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи ваҳдат аз ҷониби шаҳрдорӣ матраҳ гардид.

Дар иртибот ба идомаи тадбирҳо оид ба солимгардонии ҷомеа ва таблиғи оммавияти варзиш баҳри амалисозии ҳидоятҳои Роҳбари давлат зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар, қарор гардид, ки дар марзи шаҳри Душанбе барои шанбеи ҳар ҳафта Рӯзи варзиш ва солимгардонии ҷомеа доир намудан хизматрасонии ройгони майдончаҳо ва клубҳои   варзишии аз буҷети шаҳр маблағгузоришаванда ба роҳ монда шавад.

Оид ба ташкили хизматрасониҳо дар гузаргоҳҳои зеризаминии таҷдидшавандаи шаҳр муқаррар гашт, ки минбаъд гузаргоҳҳои мазкур аз ҷониби Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои фурӯши маводи чопию конселярӣ, савғо, гул, маҳсулоти ширӣ, мубодилаи асъор ва мусаввараҳои рассомони ватанӣ ва ташкили гӯшаҳои расмкашӣ ба иҷора дода мешавад.