Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 May 2013

Қарори РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №294  аз 21.05.2013

 

Дар бораи  Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 зикр гардидаанд

 

Бо мақсади татбиқи бемайлони иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 зикр гардидаанд,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба инобат гирифта шавад, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 дар маҷлиси васеи машваратӣ  6  майи соли 2013  бо иштироки роҳбарони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо  мавриди омўзиш ва  татбиқи амалӣ  қарор дода шуд.

2. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 зикр гардидаанд, тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳр  иҷрои бемайлони Нақшаи чорабиниҳои  мазкурро таъмин намуда, аз натиҷааш ҳар се моҳ  ба унвони Раиси шаҳри Душанбе ахбороти хаттӣ ирсол созанд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва  иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У.  гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ