Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 May 2013

ҚАРОРИ  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №319 аз 28.05.2013

 

Дар бораи  баргузории

Рӯзи байналмилалии муҳити

зист дар шаҳри Душанбе

 

         Бо мақсади татбиқи барномаҳои экологии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва бо инобати  банди 5-и Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 «Дар бораи ҳисоботи  Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010», ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили 90-солагии мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро гардидани шаҳри Душанбе, мутобиқи талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1.      Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории Рӯзи байналмилалии муҳити зист -5 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе тасдиқ ва мавриди иҷроиш қарор дода шавад.

2.     Муқаррар карда шавад, ки маросими ифтитоҳи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист 5 июни соли 2013 дар ноҳияи Шоҳмансур, гузаргоҳи 1-уми кӯчаи М.Турсунзода дар шафати Консерваторияи миллӣ ва таҷлили он дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», ноҳияи Сино дар гулгашти А. Мироненко баргузор мегарданд.

3.     Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М., раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Сино - Сафаров З.А., Фирдавсӣ - Алиев С.А.,  Шоҳмансур -Бобоев С.Қ., Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.), Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Қурбонов Д.М.) ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.) барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабиниҳои зикргардида тадбирҳои амалӣ андешанд.

4.     Раёсати Кумитаи давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А. А.) амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

5.     Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

6.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе  Оев А.М. гузошта шавад.

                                                                           М. УБАЙДУЛЛОЕВ