Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 May 2013

     ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №287-1 аз 17.05. 2013

 

           Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор - 2013»

 

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва тақвияти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

         1. Дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе аз 20 май то 30 ноябри соли 2013 амалиёти «Кӯкнор-2013» гузаронида шавад.

         2. Бо мақсади таъмини роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкил ва гузаронидани  амалиёти «Кӯкнор-2013», Ситоди кории шаҳрӣ дар ҳайати заммимагардида таъсис дода шавад.

          3. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе ва шуъбаи душанбегии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ситоди корӣ нақшаи кори Ситодро бо мақсади ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ таҳия ва то 30 майи соли 2013 гуруҳҳои опперативӣ-ҷустуҷӯиро ҷиҳати муоинаи заминҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе таъсис намоянд.

          4. Ситоди шаҳрӣ дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2013» на камтар аз як маротиба дар ду моҳ ҷаласаҳо гузаронида, ҳамзамон дар ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани амалиёт ба ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, шахсони ба хариду фурӯши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ташкил ва нигоҳ доштани ҷойҳои истеъмол ва фурӯши онҳо, воридоти онҳо ба шаҳр (баровардан аз шаҳр) машғуланд, диққати махсус диҳад.

         5. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ситодҳои марбутаи ноҳиявиро таъсис ва чораҳои дахлдорро оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур дар якҷоягӣ бо  шуъбаи душанбегии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ чораҳои дахлдор андешанд.

         6. Шуъбаи таълилӣ ва итиллотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» инъикоси ҷараёни баргузории амалиёти «Кукнор - 2013» ва натичаи чорабинихои марбут ба онро тавассути воситахои ахбори омма таъмин созад.

         7. Ситоди шахри аз натичаи фаъолият дар даврахои якум ва дуюми амалиёт то 15 июл ва 1 декабри  соли 2013  ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон оид ба натичаи чорахои андешидашуда ахборот ирсол намояд. 

         8. Назорати ичрои Карори мазкур ба зиммаи муовини якуми   Раиси шахри Душанбе  Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                                                           М.УБАЙДУЛЛОЕВ