«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 June 2013

3  июни соли 2013 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

 Дар ҷаласа масоили умдаи хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама ҳолати санитарию экологӣ, ба хусус дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ, роҳандозии назорати санитарӣ баҳри таъмини амнияти истеъмолии сокинон дар иртибот ба фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан дар фасли гармо, ғановати бозори истеъмолӣ бо сабзавоту меваҷоти тару тозаи ватанӣ бо истифода аз зарфиятҳои  маъмурияти бозорҳои коммуналӣ ва соҳибкорон, вусъати корҳои таъмиру сохтмон ва азнавсозии роҳҳои нақлиётӣ дар асоси лоиҳаҳои аз буҷети шаҳр амалишаванда, вазъи хизматрасонии боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар нигаҳдошти онҳо, ҳолати коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр, риояи санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ оид ба  танзими расму оин ва регламенти шаҳр ва омодагиҳо ба истиқболи Рӯзи ваҳдат мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдор қарор гирифта, дар иртибот ба ҳар кадоми он ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид.

Бо дарназардошти маълумотҳои дақиқ ва таҳлили фазои фарҳангию ахлоқии шаҳр дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳолатҳои алоҳидаву ба мушоҳидарасидаи рафторҳои номатлубу ғайриахлоқии иддае аз ҷавонон дар марказҳои дилхушию фароғатӣ изҳор нигаронӣ намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дастури қатъӣ дод, ки дар доираи регламенти шаҳр фаъолияти муассисаҳои мазкурро зери назорати доимӣ қарор дода, нисбати ноболиғон ва ҷавонони шабонгоҳон халалдоркунандаи оромии сокинон чораҳои профилактикӣ андешида, оид ба рафторҳои номатлуби онҳо ҷиҳати пешгирии минбаъда падару модаронашон ҷалб карда шаванд.