Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 June 2013

        Таърихи инсоният собит кардааст, ки рушди босуботу мунтазами ҷомеа ба оромию ҳамдигарфаҳмии аъзои он, қувваҳои сиёсию фарҳангӣ ва  қишрҳои иҷтимоӣ вобаста аст.

Мусаллам аст, ки дар асари ҳукмфармо будани носуботӣ идораи давлатҳо ба сакта дучор гашта, дар натиҷа бесарусомонии иҷтимоӣ фарогири ҷомеа мегардад. Тавре воқеияти объективӣ шаҳодат медиҳад ҳаёт барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсию иқтисодӣ ҷомеаро водор менамояд, ки сулҳу суботро таъмин ва ба ин васила истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва рушди маънавиро ба роҳ монад.

Аз нигоҳи илми муосир   низ вазъи коинот ва низоми олам ба ваҳдат ва қонуни ҷозибаи сайёраҳо асос ёфтааст. Аз ин рӯ ваҳдат на танҳо омили ҳастии ҷамъияту  одам, балки асли худи олам ҳам ҳаст ва  на фақат сайёраи мо, балки кайҳону коинот ҳам  қонунияту низоми муайян доранд, ки ягонагии онҳоро бар ҷо нигоҳ медорад ва боиси дар Сайёраи Замин рушду нумуъ  кардани ҳаёт мегардад.

         Бинобар он  ваҳдат хамчун яке аз унсурҳои  ҳастии табиӣ ва иҷтимоии инсон аз  тарафи андешамандони башарӣ, аз ҷумла аҳли  эҷод, адибону шоирон аз замонҳои хеле қадим дарк шуда, мавриди таҳсину ситоиш қарор гирифтааст. Устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ асоси ваҳдатро дар некӯию сулҳ ва сабаби ҷангу нифоқро дар нодонӣ донистааст:

                           Ҳама наюшаи хоҷа ба некӯию ба сулҳ аст,

Ҳама наюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

         Дар тӯли таърих ваҳдат ба маъниву мазмунҳои гуногун ва тобишҳои мухталиф  арзи зуҳур мекард, аммо ҳамеша як мазмуни аслии он побарҷо буд, ки асосу бунёди ҳастӣ ва саодати ҷомеаи башарӣ ва ҳар як инсон аст. Дар баробари ин ваҳдат боз мафҳумҳоеро ифода намудааст, ки ба ягонагии сарзамини аҷдодӣ, муҳофизату таҳкими давлати миллӣ, озодию ободӣ ҳаммаъноянд, зеро бе ваҳдати миллӣ ба даст овардани ин арзишҳо ғайриимкон аст. Ҷамъияти инсонӣ дар дарозои таърихи худ исбот намудааст, ки осудагию оромиши мардум танҳо ҳангоми  дар муҳити ваҳдат зистан воқеъ мегардад. Аз ин рӯ ваҳдат на танҳо арзиши миллӣ, балки бештар ва болотар аз он арзиши умумиинсонӣ низ маҳсуб мешавад, ки барои ҳар макону ҳар замон дархур аст.  Чунонки муборизи роҳи сулҳи ҷаҳонӣ устод Турсунзода ҳифзи ваҳдати умумиинсонӣ ва дӯстиро васф карда,  васият намуда буд:

                               Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

                               Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

 Бале, инсон дар муҳити ваҳдат ҳамчун моҳӣ дар дарё осудаву озод зиндагӣ ба сар мебарад. Дар муҳити ваҳдат ӯ худро  дар баробари ҷузъи башарият эҳсос карданаш, ҷузъи миллат ҳам мешиносад ва аз афкори маҳдуди қавму маҳалгароӣ раҳоӣ ёфта, манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз манфиатҳои маҳаллию шахсӣ авло меҳисобад. Дар натиҷа шахс ба дарки он маънии бузург мерасад, ки ҳастии ӯ танҳо бо ҳастии тамоми мардуму миллат маънову қудрат пайдо менамояд ва ӯ ҷузъи иҷтимоъ мешавад, ки барои рафъ кардани тамоми монеъаҳову душвориҳо қодир мебошад. Ваҳдат ба ӯ нерӯи худтатбиқнамоӣ дар роҳи  бунёду ободкорӣ мебахшад.

         Ваҳдат аз ҷониби аҳли адаб ҳамчун падидаи худовандию  инсонӣ, иҷтимоию руҳонӣ, фардию умумибашарӣ дарк карда шуда, ҳамчун василае, ки  барои расидан ба ҳадафҳои ормонии онҳо хидмат мекунад, ситоиш карда шудааст. Аз ҳам ҷудоӣ хулқу атвори инсон нест, чизе, ки инсонро инсон месозад, ваҳдати ӯ бо дигарон, муттаҳидии ӯ бо мардум аст. Шоири бедордили мо Лоиқ низ ваҳдатсаро буд ва даъват мекард:

Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем,

Ҳама қатраҳоему дарё шавем.

Аз нигоҳи дини мубини ислом ваҳдат–мафҳумест, ки аз исми сифоти Илоҳӣ дар маърифати инсоният ҷой гирифта, аз қадим дар як раванди муттасил бо тобиши эътиқодӣ мардумро ба ҳам муттаҳид намудааст. Китобҳои  осмонӣ ва Паёмбарон бо мурури замон ҷомеаи инсониро ба ягонагию ҳамкории  миллатҳо ташвиқ кардаанд. Ба ақидаи исломӣ Офаридгор бо фиристодани Қуръони маҷид на танҳо дину миллату нажодҳоро ба ҳам овард, балки омилҳои тафриқаандозии байни косибону ҳунармандон, тоҷирону кишоварзон, ходимону хоҷагон ва ғайраро ноҷоиз шумурда, мардумони табақаҳои мухталифи ҷамъияту минтақаҳои гуногунро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ҳаёти осоиштаву мусолиматомез даъват намудааст. Дар Қуръони карим омадааст: «Якҷо ба дини Худо чанг бизанед ва ҷудоӣ накунед» (Оли Имрон, ояи 103). Дар сураи «Ҳуҷарот» ояи 10 мегӯяд: «Ҳамоно мӯъминон бародари ҳамдигаранд, пас дар байни бародаронатон  сулҳу созиш барқарор  кунед ва аз Худо битарсед, умед аст, ки мавриди раҳмати илоҳӣ қарор  гиред».

Паёмбари ислом хазрати Муҳаммад(с) фармудаҳои Офаридгорро ба тобеони худ низ ҳам дар пиндору  гуфтор ва ҳам дар рафтор интиқол дод ва ба мусалмонон муроҷиат карда гуфта аст: «Эй мардум! Ҳар оина Парвардигори Шумо ягона аст ва ҳар оина падари шумо як кас аст. Огоҳ бошед, ки арабиро бар аҷамӣ ва аҷамиро бар арабӣ, сурхпӯстро бар сиёҳпӯст ва сиёҳпӯстро бар сурхпӯст фазлу бартарӣ нест, магар ба тақво ва парҳезгорӣ, ҳар оина гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумо аст».

Аз Абӯмӯсои Ашъарӣ ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Иртиботи як мусулмон бо мусулмони дигар монанди бинои деворест, ки як қисмати он қисмати дигарро маҳкам месозад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Мутаассифона, бо мурури замон ин маърифати баланди ваҳдату якдилӣ дар натиҷаи ғаразаҳои ноҷо  осеб дида, ба ҳусни ахлоқи ҳамидаи исломӣ костагӣ ворид намуд. Ҳанӯз аз замони хилофат  ихтилофҳо вусъат ёфта, як навъ теша задан ба решаи ваҳдату ягонагии  мардуми мусалмонро ба вуҷуд оварда, то ба имрӯз ин кашокашҳо идома ёфтааст.

Ҷомеаро инсонҳо ташкил медиҳанд ва бе шубҳа  ваҳдати миёни инсонҳо хост ва моли Худост, дар офариниш Худованд инсонро мартабаи олӣ додааст. Чунончи  дар ояи 70-уми сураи Исро: «Ҳамоно, фарзандони Одамро гиромӣ  кардем ва дар биёбону дар дарё онҳоро барнишондем; ва ба онҳо аз покизаҳо рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре  аз он чи офаридем фазли бисёре додем.» таъкид ёфтааст.

Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки кишвари ҷавони мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд.  Боиси хурсандист, ки дар Иҷлосияи 16–уми Шӯрои Олӣ бунёди давлатдории навини миллӣ гузошта шуда, аз он баъд, мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои демократӣ мавқеи дин, имон, озодии виҷдон, осори ниёгон, арзишҳои маънавию ахлоқӣ  дуруст муайян шуда, фаъолияти муассисаву иттиҳодияҳои динӣ ба маҷрои мувофиқ равона карда шуд.

         Дар бораи мақоми арзишҳои динӣ дар  ҷомеаи мо ёдовар шудан аз суханони Сарвари давлат басо бамаврид аст: «Барои он кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки арзишҳои башардӯстонаи дини мубини исломро биомӯзем ва биомӯзонем, зеро сарватҳои маънавӣ, илму адабиёти қадимӣ ва суннатҳои рӯзгори мо бо ислом банду пайванди мустаҳкам дорад». Дар ин робита дар давоми  чанд соли охир  бо дастгирии Сарвари давлат силсилаи муҳимтарин осори исломӣ «Эҳёу улум ад-дин» ва «Кимиёи саодат»-и Муҳаммади Ғаззолӣ, «Эҳёи фикри динӣ дар ислом»-и Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, «Мухтасарул-виқоя»-и Муҳаммадшарифи Бухорӣ, «Меъёрут-тадайюн»-и Аҳмади Дониш, «Шамоилу-н-Набӣ»-и Имом Тирмизӣ, «Туҳфату-л-амон фи сирати-н-Нӯъмон»-и Шиблии Нӯъмонӣ ба нашр расидааст, ки хидмати арзишманд мебошад.

         Аз таърихи халқамон метавонем мисолҳое оварем, ки дар натиҷаи аҳамият надодан ба ваҳдат тезутунд шудани зиддиятҳои дохилӣ  ба вайрон шудани шаҳру деҳот, пароканда шудани ҳунармандону косибон, аз байн рафтани боғҳову киштзорҳо ва дар натиҷа боиси гуруснагию беморӣ, касодии маънавию ахлоқӣ гардида будааст.

Пешрафтҳои саноат ва кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг маҳз дар солҳое муяссар мешуданд, ки оромию ваҳдати нисбӣ дар ҷомеа фароҳам меомад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳдат хусусияти объективӣ дошта, дар ҳама ҷамъият аксари мардум, ба хусус қишрҳои дорои нерӯи волои ақлонӣ ба таъмини фазои муфиди ба раванди муттасилии ваҳдат мусоидаткунанда саъйу талош мекарданд ва мекунанд.

Дар давраи Иттиҳоди шӯравӣ қатъи назар аз беадолатиҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра дар самти худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд омаданд. Зиёиёни соҳиби тафаккури нави дунявӣ ташаккул ёфтанд, ки барои ба вуҷуд омадани ваҳдати миллӣ заҳмати зиёде кашида буданд. Хидматҳои устод С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, Ш.Шотемур, А.Ҳоҷибоев, А.Муҳиддинов, Ч.Имомов, Б.Ғафуров, М.Турсунзода ва дигаронро дар ин раванд бояд махсус зикр кард.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ ва воридшави кишвар  ба марҳалаи нави тараққиёт ва худшиносии миллӣ ҷомеаи мо  аз низоъҳои фалокатбор ба шарофати ваҳдати миллӣ наҷот ёфт. Маҳз ваҳдати миллӣ барои пойдории истиқлолият ва рушди давлатдориамон заминаи муҳимтарин гардид, ки тавассути он бо ибтикороти дурандешонаи Сарвари давлат Ватани азизамон бо дастовардҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва  коммуникатсионӣ муваффақ гашт ва ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд.

Тавре ҳамагон хуб дарк намудаанд, ваҳдати миллӣ ба худшиносии воқеӣ вобаста аст, зеро дарки ягонагии забонӣ, фарҳангӣ, динӣ, иқтисодӣ ва ватандорӣ ба худшиносии устувори афроди кишвар замина мегардад.

Паҳлӯи дигари ин масъала дарк намудани масъулияти фард дар назди ҷомеа ва давлат мебошад. Устувор шудани шуури худогоҳӣ ва эҳсоси ягона будани фард бо миллат ва масъулият дар назди давлат сабаби дарки моҳияти ваҳдати шахс ва ҷомеа мегардад. Ваҳдати афрод дар ҷомеа ҳамон вақт устувор ва побарҷо мемонад, ки мо шаҳрвандони кишвар манфиатҳои олии миллӣ ва давлатиро амиқан дарк намоем ва ба ин васила ваҳдатро ҳамеша чун падидаи умумимиллӣ ва умумидавлатӣ гиромӣ дорем.

Азбаски дар ҷомеа табақаҳо ва гуруҳҳои иҷтимоӣ мавҷуданд, ҳар яки онҳо аз ҷиҳати сиёсӣ ва ё гуруҳӣ манфиатҳои худро доранд. Ин манфиатҳо бояд ба манфиатҳои умумимиллӣ созгор бошанд. Ҳангоми аз тарафи ин ё он қувваи сиёсӣ ва ё гуруҳи иҷтимоӣ ба таври мутлақ арзёбӣ шудани манфиатҳои сиёсӣ ё гуруҳии хос манфиатҳои умумимиллӣ  зарар мебинанд.

Бинобар ин дар ҳар марҳалаи таърихӣ ваҳдат муҳтавои нав ва раванди тоза пайдо мекунад. Чунончи, дар оғози давраи истиқлолияти давлатиамон бинобар бартариҷӯии баъзе қувваҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар заминаи ақидаҳои ҳизбию гурӯҳӣ ва маҳаллӣ манфиатҳои умумимиллӣ дар назар гирифта нашуданд, дақиқтар гӯем, қувваҳои тундрави ҷомеа манфиатҳои маҳдуди худро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ бартар дониста, боиси фалаҷ шудани низоми идораи давлат гардиданд. Вале дар ниҳояти амр қувваҳои солими ҷамъият хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллатро амиқан дарк карда, барои устувор кардани асосҳои низоми давлатдории навин мубориза бурданд. Нерӯи нави сиёсӣ бо сарварии Презинденти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ваҳдати умумиллиро ба вуҷуд оварда, мардумро барои барқарор кардани институтҳои давлатдорӣ сафарбар намояд.

Ваҳдати миллӣ дар ин марҳала ба воситаи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба проблемаҳои давлати ҷавонамон, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва ташкили гуфтугӯ бо қувваҳои оппозитсионӣ ба вуқуъ пайваст. Ҳамзамон давлат барои ҳалли проблемаҳои низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нақшаҳои муҳимро тартиб дод, ки асоси онро қабули Конститутсияи нав ва ҷорӣ намудани низоми нави иқтисодӣ ташкил медод.

Ҳоло бошад, кишвари мо дар марҳалаи дигар қарор дорад. Низоми иқтисоди бозорӣ устувор шудааст. Дар ҷомеа фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба низоми муайян даромадааст. Воситаҳои ахбори озод ба вуҷуд омада, теъдоди рӯзномаву маҷалла, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотии хусусӣ нисбат ба шумораи умумии воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ба маротиб зиёд шуданд, таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ шуда, кишварамон ба низоми демократӣ ворид гардид. Дар ин марҳилаи тараққиёти давлат таъмини ваҳдати миллӣ аз ҳар яки мо – аъзои ҷомеа иштироки фаъолонаро дар ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои мушаххас, аз ҷумла, баланд бурдани сатҳи донишу эҳсоси ватанпарастӣ дар худ, хусусан дар байни ҷавонон, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба воситаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, самарбахш ба роҳ мондани истифодаи замин ва корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, тараққӣ додани саноат бо дарназардошти коркарди пурраи молу маводи маҳаллӣ, вусъати тиҷорат ва соҳибкории хурду миёна, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ ва ғайраро тақозо менамояд.

Муқоисаи марҳалаҳои ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки ваҳдат зарурат ва раванди ҳаётӣ буда, он ба қонуниятҳои муайяни деалектика тобеъ мебошад ва раванди таҳким дар ҳар марҳалаи тараққиёти ҷомеа роҳу равиш ва усулҳои махсусро талаб менамояд, зеро раванди ваҳдатсозӣ муттасил ва пайваста мебошад.  Дар ин ҷода мо бояд тамоми аҳли ҷомеаамонро сафарбар намоем ва аз нерӯи қувваҳои солиму бунёдкор, ватандӯсту ваҳдатофарин ҷиҳати тавсеа ва тақвият бахшидан ба раванди бебозгашти ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба истифода намоем.

Боиси қаноатмандист, ки бо туфайли заҳматҳои Сарвари давлат ва шаҳрвандони кишварамон ваҳдати миллӣ имрӯз дар мамлакатамон хусусияти муттасили таҳкимёбандаи объективӣ гирифтааст ва дар натиҷаи он  дарки манфиатҳои умумимиллӣ ва бартар донистани  он  аз манфиатҳои ҳизбию маҳаллӣ фарогири ҷомеа шудааст.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006-ум ва интихоботи вакилон ба маҷлисҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои сипаришуда баргузор шуданд раванди устувор гаштани ваҳдати миллиро дар кишвари мо ба исбот расонд.

Дар айни замон бояд хотирнишон сохт, ки раванди ваҳдат дар як давлат ё ҷомеа на танҳо ба омилҳои дохилӣ вобаста аст. Омилҳои берунӣ, аз ҷумла муносибатҳои байни давлатҳо, таҳдидҳои замони ҷаҳоншавӣ низ барои ҳалли масъалаи таҳкими ваҳдат ва субот дар минтақа ва ҷаҳон андешидани тадбирҳои якҷоя ва зарурро ба миён мегузоранд. 

Имрӯз баъзе неруҳои ҷаҳонӣ барои ҷорӣ кардани низоми ба худашон маъқул аз зӯроварӣ ва қувваҳои низомӣ низ истифода мекунанд. Вале ҷомеаи хушбахтонаи инсониро чунон ки донишмандони бузурги Ғарбу Шарқ қайд карданд, на ба воситаи зӯроварӣ ва фишорҳо, балки аз роҳи дониш ва такя ба ақлу хирад ва эҳтироми ҳуқуқи табиии дигарон барпо кардан имконпазир аст.

Ба ин муносибат бо қаноатмандӣ метавонем қайд кунем, ки мо аз таҷрибаи мусбати давлатҳои Ғарбу Шарқ истифода карда, бо ҳифзи асолати фарҳанги сиёсии ҷомеаамон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро бунёд карда истодаем ва андешаи ваҳдати миллӣ дар маркази он қарор дошта, муттасил бо такя ба раванд ва муносибатҳои чаҳонӣ нерӯ мегирад. Тавре дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли ҷорӣ зикр гаштааст: «тамоюлҳо ва хусусиятҳои мушаххаси рушди ҷаҳони муосир аз ҳар кадоми мову шумо назари санҷидаву масъулона, баррасии амиқ ва муайян намудани роҳҳои ҳалли масоили калидии ҳаётро  тақозо мекунанд.».

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои глобалии ба давлат ва ваҳдати миллӣ хатаровар то ба имрӯз вуҷуд доранд. Ин, пеш аз ҳама, хатарҳои экологӣ, терроризми байналхалқӣ, ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бештар шудани тамоили тундгароёнаи динӣ, афзудани бекорӣ ва ғайра, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, кишвари мо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин хатарҳо ба пуррагӣ эмин намебошад. Месазад тазаккур диҳем, ки кӯшишҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои эҷоди фазои орому осуда дар ҷаҳон ва минтақа дар ин самт хеле муҳим арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла, барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа, хусусан муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон чораҳои зарурӣ андешида шудаанд ва кор дар ин самт идома дорад.

Ҷои таъкид аст, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ феълан тамоюли ҷаҳонишавиро касб кардааст ва он аз ҷанбаъҳои мусбӣ холӣ нест. Ба он маънӣ, ки дар татбиқи зарфиятҳои шаҳрвандон, худистифодадиҳии нерӯи инсонӣ шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, метавонад дар муттасилияти раванди ҳамгироӣ ва ҷаҳоншиносии инсонҳо, ки дар интиҳо гуфтугӯву бардоштҳояшон ба нафъи ҷомеаву кишварҳои асли баромад хизмат намояд, мусоидат кунад. Моро зарур аст, ки дар шинохту нуфузёбии объективияти раванди муҳоҷирати меҳнатӣ на бо ҳарос ва назари манфӣ муносибат намоем, балки дар ин ҷода тафаккури созанда дошта бошем.

Бояд ёдовар шуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз характери  глобалӣ дорад ва кишварҳои пешрафта низ аз ин раванд берун нестанд. Аз ин лиҳоз  масъалаи муҳоҷират фақат хоси як кишвари мо нест. Вале ин раванд мушкилиҳои муайян низ эҷод мекунад, ки барои бартараф кардани онҳо мо ҳамагон бояд ба таври доимӣ чораҳои заруриро амалӣ намоем. Зимнан бояд хотирнишон кард, ки муҳоҷирати меҳнатӣ аз ноҳияҳои кишварамон дар давраҳои амирӣ ва дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба минтақаҳои гуногуни он низ вуҷуд дошт.

Зикр бояд кард, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари аҳамияти иқтисодӣ, ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад, ки ба он мо бояд мутаваҷҷеҳ бошем. Барои кам кардани тамоюли муҳоҷирати меҳнатӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии муҳоҷирони меҳнатӣ мо бояд кори зиёд иҷро намоем. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ, алалхусус русию англисӣ, қонунҳо ва қоидаҳои кишвари қабулкунандаро қабл аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба низоми муайян ба роҳ монем, гарчанде айни ҳол  корҳои мушаххас дар ин самт иҷро шудаанд, вале ҳанӯз ҳам  он талаботро ба пуррагӣ қонеъ намесозад.

Бо дарки мубрамияти масъала аз ҷониби Президенти мамлакат зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар 23 майи соли ҷорӣ зикр гашт, ки «…бори дигар ба ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору маҳомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъкид менамоям, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ доир ба ташкили шумораи ҳарчи бештари ҷойҳои кории доимӣ барои ҷавонон дар дохили кишвар, инчунин ҷойҳои кории мавсимӣ барои занону духтарони маҳаллӣ чораҳои мушаххас андешанд».

Яке аз омилҳои муҳим, ки бояд ба устуворию муттасилии ваҳдати умумимиллӣ мусоидат намояд, ин таҳкими фаъолияти дастаҷамъонаю созандаи ҳизбҳои сиёсӣ мебошад.  Дар ин ҷода ҳам бояд барномаҳоеро пиёда кард, ки аз як сӯ ҳамгироии худи ҳизбҳои сиёсӣ, аз сӯи дигар ҳамгироии давлат ва ҳизбҳои сиёсӣ, аз сӯи саввум ҳамгироии ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ҳаводорони онҳо, аз сӯи чаҳорум ҳамгироии ҳамаи ин сохторҳоро таъмин намоянд. Албатта,  ин кори саҳл нест, аммо манфиати  ҷомеа, шукуфоӣ ва таъмини амнияти он тақозо менамояд, ки дар ҳалли ин вазифаи муҳим ва тақдирсоз ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ бояд бо таҳамулпазирӣ ва дарки масъулияти баланд дар назди халқу Ватан фаъолияти ҳамарӯзаи хешро ба роҳ монанд.

Ҳамзамон аз нигоҳи мо муайян кардани доираи хатарҳо ва нишон додани роҳҳои бартараф кардани омилҳое, ки ба таҳкими ваҳдати ҷомеаамон таҳдид мекунанд яке аз вазифаҳои муҳими илмҳои ҷамъиятшиносӣ низ мебошад.

Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки дар Паёми имсолаи худ таъкид кардааст: «ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал донистани манофеи давлат ва миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллӣ, чун неъмати бебаҳо ҳифз кардани соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии давлат вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдониву имонии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад».

 

Матни комил инҷост (МС Ворд 2003)