Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 June 2013

    Дар    бораи   даъват   намудани   иҷлосияи  понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  Душанбе даъвати чорум

 Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

          1.Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум 11 июли  соли 2013,  соати  800, дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» даъват карда шавад.

          2.Ба рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

            2.1.Ахбороти прокурори шаҳри  Душанбе Қодиров С.Г.  оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию аҳли ҷамоатчигӣ дар шаҳри Душанбе  баҳри таъмини волоияти қонун.

            2.2.Ҳисоботи  Раиси ноҳияи Сино Сафаров З.А. дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи Сино ба таҷлили 90 - солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумхурии Тоҷикистон. 

           2.3.Дар бораи номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе.

2.4.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гуруҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гуруҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои  иҷлосияи  понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум ирсол намоянд.

5.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро  бо истифода  аз  воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ  ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур гардонанд.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.     

         М.УБАЙДУЛЛОЕВ