Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 June 2013

10 июни соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр бо иштироки муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳоро ба рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ваҳдат, баргузории тӯйи арӯсию домодии 64 ҷуфт навҷавонон тибқи анъаноти шаҳрдорӣ  ба ифтихори ин санаи фархунда дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» ҷалб намуда, зикр сохт, ки баҳри шаффофияти интихоби ҷуфтҳои муносиб аз оилаҳои ниёзманд тамоми тадбирҳоро андешида, дар иҷрои ин амал ба сохтакориҳо роҳ дода нашавад.

Илова бар он таъкид сохт, ки дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр бо ҷалби зарфиятҳои аҳли ҷамоатчигӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ тӯйҳои хатнасури фарзандон аз оилаҳои камбизоат доир  карда шаванд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа бо дахли масоили иҷроиши нақшаҳои буҷети шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба муовини соҳавии Раиси шаҳр Б.Назаров  дастур фармуд, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати андоз ва Сарраёсати молияии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъоварии андоз ва фарогирии тамоми манбаъҳои андозбандӣ дар шаҳр  чораҳои муассир андешад.

Инчунин дар ҷаласа бо мақсади рафъи ҳолатҳои танбашавии анбуҳи нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард муқаррар кард, ки суръати корҳои таъмиру азнавсозӣ ва сохтмон дар роҳҳои таҷдидшаванда тезонида, сифати корҳо аз ҷониби комиссияҳои корию давлатӣ зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

Дар фарҷоми ҷаласа Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба ҳолати  ғановати бозори истеъмолӣ бо сабзавоту меваҷоти тару тозаи ватанӣ бо истифода аз зарфиятҳои  маъмурияти бозорҳои коммуналӣ ва соҳибкорон, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва беҳдошти вазъи санитарию экологӣ дар шаҳр нигаронида дар иртибот ба он афзуд, ки кори назоратии комиссияҳои ҷамъиятӣ аз болои сохторҳои масъул пурзӯр карда шавад.