Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 June 2013

Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №350 аз 10 июни соли 2013 «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум» иҷлосияи мазкур дар КВД «Маркази равобити пойтахт» 11 июли соли 2013, соати 800 баргузор  мегардад, ки дар он  масъалаҳои зерин:

 Ахбороти прокурори шаҳри Душанбе Қодиров С.Г. оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию аҳли ҷамоатчигӣ дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини волоияти қонун,

Ҳисоботи раиси ноҳияи Сино Сафаров З.А. дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи Сино ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Дар бораи номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе ва

 Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дода мешаванд.

Бояд зикр сохт, ки ахбороти прокурори шаҳри Душанбе тибқи масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия дар навбати аввал ҳолати дар марзи шаҳри Душанбе риояву иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи гурезаҳо» ва Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, вобаста ба он сокинони шаҳр имкон доранд тӯли як моҳ таклифу пешниҳодоти хешро унвонии гуруҳи корӣ оид ба омодасозии масъалаҳои иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум, ки ҳайати он аз вакилони шаҳрӣ ва доираи васеи институтҳои шаҳрвандии пойтахт иборат мебошад, манзур созанд.  

Дар иртибот ба ҳисоботи раиси ноҳияи Сино масъалаҳои саҳмгирии сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ ва сокинону институтҳои шаҳрвандии ноҳия дар таносуби ҳар як бино, кӯча, маҳалла ва шаҳрак оид ба омодасозии ноҳия ба истиқболи сазовори 90-солагии мақоми пойтахти кишварро доро гардидани шаҳри Душанбе баррасӣ карда хоҳанд шуд, ки роҳбарони кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун маърузачиҳои иловагӣ нисбат ба ҳисобот баромад хоҳанд намуд.

Масъалаи номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе, тавре ҳамагон воқифанд мавриди таваҷҷуҳи хосаи шаҳрдорӣ қарор дорад ва тибқи муқаррароти мавҷуда то ҷашни 90- солагии пойтахт табдили номҳои ѓайр дар шаҳр асосан ба имтмом расонида хоҳад шуд. 

Бо мақсади вусъати тадбирҳо дар ин самт дар иҷлосияи қаблӣ Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар таҳти раёсати Юсупов Баҳром Нарзиевич - вакил  аз ҳавзаи интихоботии №57 аз нав таъсис дода шуд, ки комиссия дар ду ҳафта як маротиба ҷаласа баргузор намуда, ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳодот манзур мекунад, ки онҳо бо Қарори марбутаи Раиси шаҳр ба расмият дароварда мешаванд ва ҳар кадомашон ҷиҳати тасдиқ ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.  

Итминон дорем, чун ҳамеша сокинони шаҳр дар омодасозию баррасии масъалаҳои иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум фаъол хоҳанд буд.

Ҳайатҳои Гуруҳи корӣ ва Комиссияи муваққатии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе дар зер муаррифӣ гардидаанд.

 

Гуруҳи корӣ

 оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум

 

1.

Шарипова Г.Х.   

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси    вакилони  халқи  шаҳри Душанбе оид  ба   таъмини ҳуқуқу  озодиҳои инсон ва   шаҳрванд ва мубориза бар  зидди    коррупсия, роҳбари гуруҳи корӣ, директори МД «Боѓи пойтахт»

Аъзо:

2.

Абдурасулов А. А.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси    вакилони халқи   шаҳри Душанбе оид  ба   масъалаҳои  меъморӣ, шаҳрсозӣ,    сохтмон ва ободонӣ, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ 

 

3.

Алимаҳмедова Н.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси    вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба    масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди   варзиш ва сайёҳӣ, корманди маҷаллаи «Истиқбол», шоира

4.

Каримова М.Х.     

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси   вакилони халқи шаҳри  Душанбе оид ба   масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ,   ҳифзи   модар ва кӯдак, мудири шӯъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ

5.

Рауфӣ А.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси   вакилони  халқи  шаҳри Душанбе оид  ба   буҷет, муқаррар намудани  андозу   пардохтҳои маҳаллӣ, рушди  иқтисодию    иҷтимоӣ, идора ва ихтиёрдории 

  моликияти коммуналӣ, мудири кафедраи маркетинги соҳавӣ ва байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

6.

Сафиалоев С.Ѓ.     

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси    вакилони  халқи  шаҳри Душанбе оид  ба    масъалаҳои  нақлиёт, коммуникатсия ва   беҳдошти роҳҳо, раиси Кумитаи шаҳрии ҲКТ

7.

Сатторӣ И.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси   вакилони халқи шаҳри  Душанбе оид ба   масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,  санитарӣ   ва байторӣ,  ректори Донишгоҳи аграрии   Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур  

8.

Самадов А.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси    вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба   ҳамкорӣ бо ташкилотҳои  худфаъолияти   ҷамъиятӣ,  иттиҳодияҳои ҷамъиятию    ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва   ташкилотҳои динию ғайриҳукуматӣ, муовини       аввали раиси  Иттифоқи нависандагони     Тоҷикистон   

9.

Ҳабибов А.Ҳ.     

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси     вакилони   халқи шаҳри Душанбе оиди   мусоидат ба шуѓли  аҳолӣ,  муҳоҷирати   меҳнатӣ, паст  кардани сатҳи  камбизоатӣ   ва рушди соҳибкорӣ

10.

Шарифов З.Р.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси  вакилони   халқи шаҳри Душанбе оид  ба    масъалаҳои илм,  инноватсия, маориф ва   фарҳанг, мудири кафедраи баҳисобгирии буѓгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур

11.

Шарипов С.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси    вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба   масъалаҳои саноат  ва энергетика,  муовини   сардори  хадамоти  давлатӣ  оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

12.

Каримов Ғ.

- раиси Шӯрои собқадорони ҷангу

   меҳнати шаҳри Душанбе

13.

Раҳимова С.Ҳ.

- муовини Раиси шаҳри Душанбе

14.

Улмасов Ф.У.      

- роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

15.

Қурбонов Д.М

- сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва

  сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе

16.

Нуриддинова П.

- раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои ҷомеаи

   шаҳрвандии  «Ҷавонони раванди рушд»

17.

Абдуллоев З.  

- директори Маркази «Контент»

18.

Амиршоева Г.

- сармуҳаррири рӯзномаи  «Вечёрка»  

19.

Викторова А.

- сокини шаҳри Душанбе

20.

Каримов Т.

- директори иҷроияи Ассосиатсияи

  тарабхонадорон ва меҳмонхонадорони

  Тоҷикистон

21.

Кличев Т.

- мухбири рӯзномаи «Азия-Плюс»

22.

Мараимов Р.  .

- директори Маркази таҳқиқоти

  сотсиологии «Бозтоб»

23.

Насриддинов Ф.

- директори Ташкилоти ҷамъияти   «Ирода»

 

 

Комиссияи мувақкатии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе