Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 June 2013

ҚАРОРИ  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №357 аз 11.06.2013

 

Дар бораи рӯзҳои варзишу солимгардонӣ дар шаҳри Душанбе

 

Бо максади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш,  оммавӣ гардонидани машѓулиятҳои варзишию солимгардонӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба машқҳои сабуки варзишӣ ва дар ин замина таъмин намудани солимгардониву болидарӯҳии сокинони шаҳри Душанбе бо инобати дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони фаъолҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013, инчунин татбиқи ҳадафҳои барномаи рушди тарбияи ҷисмонию варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2013, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №565 аз 14 октябри соли 2010 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

 Қ А Р О Р   М Е К У Н А М

 

1.                Аз 15 июни соли 2013 Шанбеи ҳар ҳафта дар қаламрави шаҳри Душанбе «Рӯзҳои варзишу солимгардонӣ» эълон ва баргузор карда шавад.

2.                Муқаррар карда шавад, ки то 1 январи соли 2014 тибқи замима  истифодабарӣ ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар майдонҳои варзишии аз ҳисоби буҷаи шаҳри Душанбе бунёдгардида барои сокинони пойтахт ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад.

3.                Аз роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатии ҷумҳурӣ, сохторҳои марбутаи назди Ҳукумати мамлакат, идораю муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, хоҳиш карда шавад, ки барои ҷалб ва гузаронидани машѓулиятҳои оммавии варзишӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

4.                Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, раёсатҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тандурустӣ ва дигар сохторҳои шаҳрӣ тавассути кормандону сохторҳои зертобеъ, ҷалби сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ба таври фарогир ташкил намудани машѓулиятҳои варзишии оммавиро тибқи барномаи мушаххас бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи базаи иншоотҳои варзишии шаҳри Душанбе амалӣ созанд.

5.                Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои шанбеи ҳафта баргузории мусобиқаву чемпионатҳои варзиширо ба нақша гирифта, ҳамзамон муассисаҳои варзишии шаҳри Душанберо барои дар рӯзҳои шанбе доир намудани омодагии умумии ҷисмонӣ (ОФП-общая физическая подготовка) роҳнамоӣ намояд.

6.                Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»  (Талбаков А.) барои ташвиқу таблиѓи ин иқдом бо усули таҳияву пахши роликҳои таблиѓотӣ чораҳои мушаххас андешад.

7.                Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8.                Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси  шаҳри  Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ