Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 June 2013

Дар бораи ҷудо намудани маблағ ҷиҳати

баргузории тӯи арӯсиву домодии навхонадорон

аз оилаҳои камбизоати шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №266 аз 2 майи соли 2013 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе» бобати баргузории тӯи арӯсиву домодии навхонадорон аз оилаҳои камбизоати шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 16- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

         1.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблаѓҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидаанд, ба Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Одинаев Ҷ.Т.) барои дастрас намудани сару либос, пойафзол ва гулдастаҳо ҷиҳати баргузории тӯи арӯсиву домодии навхонадорон аз оилаҳои камбизоати шаҳри Душанбе 247360 (дусаду чилу ҳафт ҳазору сесаду шаст) сомонӣ мутобиқи харҷномаи замимагардида  ҷудо намояд.

         2. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Одинаев Ҷ.Т.) пардохти саривақтии маблаѓи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

         3. Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мӯсоева Ш.Р.) барои босифат ва сари вақт таъмин намудани сару либос чораҳои мушаххас андешад.

         4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

                          М. УБАЙДУЛЛОЕВ