Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 June 2013

17 июни соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеи масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масъалаҳои хоҷагидории шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа М. Убайдуллоев таваҷҷуҳи муовинони масъули Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои шаҳриро ба ҳолати риояи талаботҳои санитариву экологӣ, вазъи беҳдоштии ҳавзҳои кушоду кӯлҳои шиноварӣ барои истироҳати тобистонаи шаҳрвандон ва фаъолияти хадамоти наҷотдиҳӣ дар ҳолатҳои зарурӣ дар ин мавзеъҳо, ҷараёни ташкилу фарогирии мактабиён дар лагерҳои беруназшаҳрӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ нигаронида, дастур фармуд, ки мутобиқ ба муқаррароти Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр, ки барои тақвияту беҳбудбахшии низоми хоҷагидории сохторҳои зидахли хизматрасонӣ мавриди амал қарор доранд, баҳри баровардагии эҳтиёҷоти сокионони шаҳр иҷроиши онҳоро муассиртар таъмин созанд.

Дар ин росто бо дарназардошти тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №350 аз 10 июни соли 2013 «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум» иҷлосияи мазкур дар КВД «Маркази равобити пойтахт» 11 июли соли 2013, соати 800 баргузор  гардида,  дар он  масъалаҳои зерин:

- Ахбороти прокурори шаҳри Душанбе Қодиров С.Г. оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию аҳли ҷамоатчигӣ дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини волоияти қонун,

-Ҳисоботи раиси ноҳияи Сино Сафаров З.А. дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи Сино ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

-Дар бораи номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе ва

 -Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дода мешаванд, муқаррар кард, ки  вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мувофиқ ба нақшаи тасдиқнамудаи шаҳрдорӣ то 5 июли соли 2013 дар ҳавзаҳои интихоботии худ бо интихобкунандагон мулоқотҳо доир намуда, дархосту пешниҳодоти онҳоро  ба баррасии Маҷлисҳои вакилони халқ манзур намоянд.

Дар ҷаласа, инчунин масоили омодагиҳои шаҳрдорӣ ба таҷлили сазовори Рӯзи ваҳдат ва татбиқи чорабиниҳои марбутаи он, рафти корҳои тайёрии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба пазиройии нахустин сафари ҳайати расмии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой  таҳти сарварии Мири шаҳр ҷаноби Лю Кэтсин, ки рӯзҳои 19-23 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа тибқи анъаноти шаҳрдорӣ масъалаи ба ифтихори Рӯзи ваҳдат ба истифодадиҳии як идда иншооти гуногунтаъиноте, ки аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети шаҳрӣ ва соҳибкорон дар асоси Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр баҳри амалисозии Нақшаи генералӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд гардидаанд, ба риштаи таҳлил кашида шуд.