Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 June 2013

Имрӯзҳо дар пойтахти мамлакат ҳайати  Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой   таҳти роҳбарии Мири шаҳри Сямэн  ҷаноби Лю Кэтсин бо сафари расмӣ, ки  то 23 июни соли 2013 сурат мегирад, қарор доранд.

 

Субҳи 20 июни соли 2013 дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи барномаи омодагардидаи сафар як қатор чорабиниҳои муҳим баргузор карда шуд.

Сараввал, дар толори хуштарҳи Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» мулоқоти хосаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷаноби Лю Кэтсин бо иштироки Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Фан Сянжун доир гардид.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев бо пазироии самимӣ аз ҳамтои хеш баргузории сафари мазкурро, ки дар доираи сиёсати дӯстонаи Сарони ҳарду кишварҳо баҳри татбиқи Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки зимни сафари охирини Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хитой  20 майи соли 2013 ба имзо расидааст,  амалӣ шуд, иқдом ва фоли нек арёзбӣ кард.

Дар ин росто ҷонибҳо аз омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангу иҷтимоиёт,  маорифу тандурустӣ ва сайёҳӣ баён доштанд.

 Аз ҷумла, дар асоси пешниҳодоти Раиси шаҳри Душанбе  ҷаноби Лю Кэтсин  изҳор омодагӣ кард, ки ҷалби сармояи ширкатҳои шаҳри Сямэн дар рушди саноати шаҳри Душанбе, ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар бахши маводи сохтмону техникаҳои коммуналӣ, электроника, истеҳсоли фурӯзонакҳои свето-диодӣ, коргоҳҳои муосири дӯзандагӣ ва коркарди сабзавоту меваҷот бо омӯзиши бозори дохилию минтақа роҳандозӣ карда мешавад.

Ҷаноби Лю Кэтсин аз пазироӣ ва ташкили барномаи сафар изҳори қаноатмандӣ карда, аз Раиси шаҳри Душанбе даъват ба миён овард, ки дар вақти муносиб бо ҳайати расмӣ ба шаҳри Сямэн ташриф биоварад.

Бо анҷоми мулоқоти хоса вохӯрии ҳайатҳои расмӣ доир гардид, ки дар он масоили амалисозии минбаъдаи тасмиму тафоҳумоти миёни раисони шаҳрҳо ба дастомда матраҳ карда шуд.

Тибқи барномаи сафар  баҳри расидан ба ин ҳадафҳои созанда дар фазои тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Мири шаҳри Сямэн ҷаноби Лю Кэтсин Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расонида шуд, ки тибқи он Сямэн 15-умин бародаршаҳри Душанбе гардид.

Сипас, аз ҷониби сохторҳои марбутаи шаҳрҳо  Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ- иқтисодӣ ба имзо расид.

Ҷиҳати пурсамар гардонидани робитаҳои бародаршаҳрӣ  ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тибқи таҷрибаи ҷойдошта миёни шаҳри Душанбе ва шаҳри Урумчии ноҳияи Мухтори Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой дар иртибот ба таҳкими муносибатҳои бародаршаҳрӣ, дар назди шаҳрдориҳои Душанбе ва Сямэн намояндагиҳои ваколатдори шаҳрҳо ташкил карда мешаванд.

Дар идома, худи ҳамин рӯз Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Мири шаҳри Сямэн ҷаноби Лю Кэтсин дар мулоқоти доираи васеи соҳибкорони Душанбе ва Сямэн, ки масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар бахшҳои мухталиф матраҳ гардид, ширкат варзиданд.

Бо анҷоми ии ҳамоиш, ҳайати  Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой   таҳти роҳбарии Мири шаҳри Сямэн  ҷаноби Лю Кэтсин бо роҳбаладии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати шиносоӣ бо имкониятҳои  мавҷудаи шаҳрдорӣ оид ба ташкили корхонаҳои муштарак,  ҷалби сармояи шаҳри Сямэн барои тавассути интиқоли технологияҳои муосири саноатӣ таҷдид намудани корхонаҳои мавҷудаву роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ аз КВД “Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед”, корхонаи давлатии фаръии “Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ” ва корхонаи истеҳсолию тиҷоратии воҳиди давлатии “Душанбеагросервис” дидан намуданд.

Зимни ин шиносоӣ, соҳибкорони хитойӣ аз имкониятҳои ҷойдошта барои ҳамкориҳои минбаъда бархурдор гардида, ҷиҳати ташкили корхонаҳои муштарак бо субъектҳои хоҷагидории шаҳр ба тафоҳум расиданд, ки тариқи анҷоми пажуҳишоти марбута дар ин самт нақшаҳои мушаххасро амалӣ хоҳанд намуд.

Дар доираи барномаи фарҳангии сафар ҳайати  Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэн аз Боғи фарҳангию фароғатии “Пойтахт ” ва манзараҳои дилнишини дараи Варзоб дидан намуданд.

Субҳи 21 июни соли 2013  Мири шаҳри Сямэн  ҷаноби Лю Кэтсин бо анҷоми нахустин сафари расмии худ ба шаҳри Душанбе  ба шаҳри Санкт-Петербуги Федератсияи Россия парвоз намуд.