Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 June 2013

25 июни соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ваҳдат доир гардид.

Мутобиқ ба анъаноти шаҳрдорӣ, ки ҳамасола вобаста ба солгарди Рӯзи ваҳдат баргузории тӯйи арӯсию домодии ҷуфтҳои муносиб аз оилаҳои ниёзманди шаҳр дар расми тантанавӣ амалӣ карда мешавад, ба ифтихори 16-солагии ин санаи фархунда 27 июн, соати 9-00 дар МД «Душанбе-Плаза» расми ақди никоҳи 64 ҷуфт аз чор ноҳияҳои шаҳр сурат хоҳад гирифт.

Бо дарназардошти ин дар ҷаласа 64 ҷуфт, ки паймони муҳаббату оилабарпокунӣ доранд ширкат доштанд ва Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев аз қарори ҳар кадоми онҳо, ки ба ифтихору эҳтиром ва садоқат ба ҳифзи ваҳдати миллӣ оилаҳои ҷавон бунёд мекунанд, пазироӣ карда, бо ироа доштани ҳидоятҳои хеш дар мувофиқаи онҳо нақшаҳои ташкили базми тӯйҳои арӯсию домодиро, ки худи ҳамон рӯз соати 11-00 дар тарабхонаҳои «Канд», «Роҳат», «Яккачинор» ва қаҳвахонаи «Москва»  доир мегарданд ва туҳфаҳои армуғонии шаҳрдориро ба ифтихорашон, тасдиқ намуд.  

Сипас, бо баррасии ҳолати омодагиҳо ба намоиши театришудаи шаҳрдорӣ ба ифтихори Рӯзи ваҳдат, ки 27 июн, соати 19-00  дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» барпо мегардад, таваҷҷуҳи масъулинро ба баргузории тӯйҳои анъанавии хатнасури кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди шаҳр нигаронида, муқаррар сохт, ки шуруъ аз соли ҷорӣ, минбаъд ҳамасола 26 июн, соати 19-00 дар МД «Боғи пойтахт» тӯйҳои хатнасур доир карда шаванд.

Ин навбат 221 кӯдакон аз чор ноҳияҳои шаҳр хатнасур карда мешаванд, ки ба ифтихорашон фаъолияти Боғи мазкур барои дигар категорияҳои шаҳрвандон қатъ карда шуда, барояшон аз соати 19 то 20 истифодабарии ройгони аттраксионҳо, аз 20 то 21 дастурхони тӯйона ороста,  соати 21 намоиши филми кӯдакона дар экрани обии фаввораҳои Боғ нишон дода мешавад. Ҳамвора ба ин, барояшон туҳфаҳо тақдим гардида, бо кушодани суратҳисоби бонкӣ  дар суратҳисоби  ҳар кадомашон 1000 сомонӣ аз ҳисоби шаҳрдорӣ интиқол дода мешавад, ки метавонанд танҳо дар синни 18-солагӣ онҳоро истифода намоянд.