Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 July 2013

1 июли соли 2013 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама барои иштироки фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ ва коллективҳои ҳунармандон дар баргузории чорабиниҳои шаҳрдорӣ ба ифтихори Рӯзи ваҳдат изҳори миннатдорӣ намуда, бо итминон зикр сохт, ки минбаъд низ потенсиали ҳар кадоме баҳри ободонии шаҳр ва ғановати фазои фарҳангии он нек сафарбар карда мешаванд.

Дар ин росто муқаррар сохт, ки дар радифи фаъолияти барномавии шаҳрдорӣ таваҷҷуҳи масъулин ба таҷлили бошукуҳи Рӯзи истиқлолият ва 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе равона карда шавад ва зимни омодагиҳо ва пурмуҳтавою хушранг тарҳрезӣ намудани ҷашнвораҳо таклифу пешниҳодоти аҳли ҷамоатчигӣ ба инобат гирифта шаванд. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳр масъулияти коргардонии барномаи театришавандаи ҷашни Истиқлолият ба зиммаи коргардон- Убайдулло Раҷабов гузошта шуд.

Илова бар он дар ҷаласа қарор гардид, ки баҳри дастгирии оилаҳои ниёзманди шаҳр дар иртибот ба баргузории чорабиниҳои  марбут ба расму ойин, бо дарназардошти таҷрибаи  шаҳрдорӣ  минбаъд дар марзи шаҳри Душанбе тӯйҳои хайриявии суннатии кӯдакон аз оилаҳои мазкур ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз, Рӯзи ваҳдат ва иди Рамазон  дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ бо риояи муқаррароти танзими расму ойин доир карда мешаванд.

Бо ин мақсад комиссияи марбутаи ҷамъиятӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони хзалқи шаҳри Душанбе ва фаъолони шаҳр созмон дода хоҳад шуд, ки интихоби ҷуфтҳои тӯйҳои арӯсию домодӣ ва кӯдаконро дар тӯйҳои суннатӣ аз оилаҳои ниёзманд назорат мебаранд ва баргузории тӯйҳои хайриявӣ дар марзи шаҳри Душанбе минбаъд бо Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе, ки  рӯзҳои наздик таҳия ва ба тасвиб мерасад, ба танзим дароварда хоҳанд шуд.