Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 July 2013

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2013-2014 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот   бо фаъолзанони кишвар - 7 марти соли 2013 баён доштанд

 

Бо мақсади иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолзанони кишвар баён доштанд», ҷиҳати таъсис додани системаи доимамалкунандаи назорати давлатию ҷамъиятии шуғли занону духтарон ва ҷалби бештари онҳо ба фаъолияти мухталифи давлатию ҷамъиятӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва бо дарназардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолзанони кишвар баён доштанд» тасдиқ карда шавад.

2.Муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои масъули шаҳрӣ бобати татбиқи Нақшаи чорабиниҳои дар банди 1-и қарор зикргардида тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои онро ба роҳ монанд.

3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

                                                         

                                                                 М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

Замима ба

 қарори Раиси шаҳри Душанбе

            №148-1 аз 21.03.2013

 

НАҚШАИ

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2013-2014 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолзанони кишвар

 7 марти соли 2013 баён доштанд

Номгӯи чорабиниҳо

Муҳлат

Иҷрокунандагон

1

Ташкил ва баргузории озмунҳои фарҳангӣ-маърифатии «Кадбонуи беҳтарин», «Орифа», «Гурдофарид», «Фариштаи меҳр» ва «Отифаи зиндагӣ» ҷиҳати баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа

Нимсолаи дуюми соли 2013

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе

2

Ташкил ва баргузории семинар-викторинаҳои омӯзишӣ таҳти унвони «Оқилаи ҳикмат», «Зан - сарвар», «Сарварони ҷавон» ва «Зан ва илми муосир» ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016

Нимсолаи дуюми соли 2013

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе

3

Баргузории семинару конфронсҳои машваратӣ таҳти унвони «Зан ва фазои илмии пойтахт», «Зан олиҳаи дониш», «Хирад беҳтар бувад аз ҳарчӣ дорӣ…» ва «Зиҳӣ, фазилати зан» ҷиҳати зиёд намудани сафи духтарон дар таҳсилоти олию касбӣ ва ба ин васила баробар намудани сатҳи хизматчиёни давлатию ҷамъиятӣ аз ҳисоби занон дар баробари мардон

Нимсолаи дуюми соли 2013

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе

4

Ташкил ва баргузории вохӯриҳои машваратӣ-ҳуқуқӣ бо ҷалби равоншиносону ҳуқуқшиносон дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ҷиҳати татбиқи самарабахши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Нимсолаи дуюми соли 2013

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе

5

Ташкил ва баргузории семинар – викторинаҳои омӯзишӣ таҳти шиори «Ҳаёт барои шукуфоӣ», «Маҳви ҷиноят», «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» ва «Мо, ҷавонон – ояндасози Ватан» дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои пойтахт

Нимсолаи дуюми соли 2013

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе

6

Баргузории семинарҳои машваратӣ-ҳуқуқӣ ва вохӯриҳои машваратдиҳӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби занону ҷавондухтарони хонашин ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ

Нимсолаи дуюми соли 2013

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе

7

Сохта ва ба истифода додани 21 адад майдончаҳои варзишӣ дар маконҳои мухталифи пойтахт ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ-маърифатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе миёни ҷавонону наврасон, бахусус, ҷавондухтарон

Дар давоми солҳои 2013-2014

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе

8

Ташкил ва баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ-сиёсӣ аз қабили семинар-викторина, ва озмунҳои машваратӣ миёни хонандагони синфҳои 10-11 ва модарони онҳо дар муассисаҳои таълимии пойтахт таҳти унвони «Оилаи солим чист?», «Асрори оила» ва «Фарҳанги оиладорӣ» бо мақсади баланд бардоштани фазилати оиладории тоҷикона дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе

Нимсолаи дуюми соли 2013

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе

9

Ташкил ва баргузории вохӯриҳои машваратӣ-ҳуқуқӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Нимсолаи дуюми соли 2013

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Шуъба оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе

10

Ташкил ва баргузории барномаи махсуси телевизионӣ оид ба вазъи сиёсиву иқтисодии шаҳри Душанбе дар солҳои 1992-2000

Семоҳаи IV соли 2013

Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»