Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 July 2013

8 июли соли 2013  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки соҳибкорону тоҷирони ба истеҳсол ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе машғулбуда, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо мақсади андешидани тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

         Дар ҷаласа тибқи ташаббуси соҳибкорон ва дастгирии шаҳрдорӣ аз он, баҳри ғановати дастурхони сокинон нархи ба фурӯшгузории 12 намуди маҳсулот: 1 кг гӯшти мурғи ҶСШК “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод 7 сомонӣ, гӯшти гов 29 сомонӣ,  гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ, як халта орди навъи якум (аз ғаллаи дар Қазоқистон истеҳсолшуда ва навъи «Шамалған»-и аз ҷониби ҶДММ «Назириён» пешниҳодшаванда) то 130 сомонӣ, 1 л. равғани растанӣ 7,5 сомонӣ, 1 кг биринҷи ватанӣ то 6 сомонӣ, 1 кг шакар то 4,2 сомонӣ, 1 л. шир дар бозорҳо то 3,5  сомонӣ ва дар дӯконҳои сайёри ҶСШК “Комбинати шири Душанбе” 4,5 сомонӣ, 1 кг сабзӣ то 1,6 сомонӣ, 1 кг картошка то 1,5 сомонӣ, 1 кг пиёз то 65 дирам ва 1 дона тухм то 50 дирам дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ҳамчун амали хайру эҳсонкорӣ матраҳ ва ҷонибдорӣ карда шуд.

Зимнан, роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло» муваззаф карда шуданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба ҶСШК “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод дар бозорҳо барои бо нархҳои ташаббусӣ ба фурӯш баровардани гӯшти мурғ ва тухм нуқтаҳои савдо ҷудо намоянд. Инчунин муқаррар гашт, ки ба ҶСШК “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод барои ба фурӯш гузоштани гӯшти мурғ ва тухм аз ҳисоби нуқтаҳои савдои ба ҶСШК “Комбинати шири Душанбе” ҷудогардида дар гузаргоҳҳои зеризаминии назди Фурӯшгоҳи марказӣ, бозорҳои «Саховат» ва  «Қарияи боло» нуқтаи савдо тариқи иҷора дода шавад.

Зикр гардид, ки ҷавобан ба ин иқдом ва дастгирии соҳибкорон шаҳрдорӣ омодааст ба  тоҷирон ва соҳибкороне, ки ба воридот ва фурӯши анвои маҳсулоти ниёзи аввалияи мутазаккира машғулият доранд, тибқи дархосташон аз ҳисоби буҷети шаҳр ба муҳлати 3 моҳ қарзҳои бефоиз ҷудо созад.

         Илова бар он роҳбарони аввали Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло» вазифадор карда шуданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар асоси шартномаи бевосита бо истеҳсолкунандагон харид ва дастрас кардани гӯшти чорво, картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар анвои маҳсулотро ташкил намоянд.

Дар ин росто, баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини пешниҳоди молҳои хушсифати ниёзи аввалия дар тамоми бозорҳои дар марзи шаҳри Душанбе новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ фаъолияткунанда, дастур гашт, ки назорати риояи нархҳои тавсиявӣ  дар бозорҳои хусусӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» ба зиммаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, «Бозори  Саховат»- Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, «Бозори Деҳқон» - Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вогузор карда шаванд ва аз Прокуратураи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шуд, ки иҷрои ин амалро дар «Бозори Қарияи боло» роҳандозӣ намояд.

Дар ин зимн Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ ва чораҳои зиддисӯхториро дар бозорҳои  истеъмолии шаҳр дар давоми  моҳи шарифи Рамазон пурзӯр намуда, барои набаровардани маҳсулоти истеъмолии зикргардида аз шаҳри Душанбе якҷоя бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои фаврӣ андешанд.

Ҳамзамон аз кулли сокинони шаҳр хоҳиш карда шуд, ки дар иртибот ба риояи фурӯши маҳсулоти хушсифат бо нархҳои тавсиявии рамазонӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе мавқеъгириҳои шахсӣ зоҳир намуда, дар ҳолати мушоҳида кардани хилофкориҳо бо истифода имкониятҳои электронии муроҷиат тариқи сомонаҳои шаҳрдорӣ: www.dushanbe.tj, www.mometavonem.tj, www.bemiyonaravho.tj ва dushanbe80@yahoo.com ҷиҳати андешидани тадбирҳо бардоштҳояшонро ирсол намоянд.